Оғози мурофиаи додгоҳии писари генерали милиса

Date:


Дар додгоҳи низомии гарнизони вилояти Хатлон мурофиаи додгоҳӣ оид ба баррасии парвандаи ҷиноии се нафар шаҳрвандони Тоҷикистон оғоз гардид, ки моҳи январи соли равон бо миқдори зиёди маводи мухаддир боздошт шуда буданд.

Тавре раиси додгоҳи низомии вилояти Хатлон Тоҳир Искандаров хабар дод, дар курсии айбдорӣ Хуршед Раҳимов, Маҳмадулло Маҷидов ва прапоршики нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Зиёвуддин Шарифов нишастаанд.

Раҳимов ва Маҷидов ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ба миқдори ниҳоят зиёд гумонбар дониста шуда, Шарифов ба ташкили (иштирок) убури ғайриқонунии марзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон айбдор карда мешавад. Парвандаи ҷиноӣ 26-уми апрел ба додгоҳ ирсол шуда буд.

Ёдрас мекунем, ки 10-уми январи соли равон дар ҷараёни амалиёти махсус дар ноҳияи Қубодиён Маҳмадулло Маҷидов, мулаққаб ба «Меҳрубон», писари генерал-майори милиса, сардори воҳиди махсуси БДА-и ҷумҳурӣ Ҳабибулло Маҷидов, писари ронандаи сафорати Тоҷикистон дар Маскав Хуршед Раҳимов ва хизматчии ҳарбии Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ Зиёвуддин Шарифов боздошт шудаанд.

Тавре қаблан ОИ «Азия-Плюс» хабар дода буд, ба нафари чоруми ин гурӯҳ муяссар шуда буд, ки аз ҷойи содир намудани ҷиноят паноҳ барад ва ӯ Нурулло Одинаев, писари генерал-майори мустаъфӣ Ҳикматулло Одинаев аст. Айни замон Нурулло Одинаев мавриди ҷустуҷӯ қарор дорад.

Айбдоршавандагон ҳангоми интиқоли ҳудуди 110 кило маводи мухаддир аз минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ боздошт шуда буданд.

Дар таърихи 2-юми феврали соли равон зимни машварати фаврӣ вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимов барои камбудиҳои роҳдода ба сардори ниҳоди «Воҳиди махсус» Ҳабибулло Маҷидов, ки таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёти ҳайатҳои воломақоми кишварҳои хориҷиро таъмин мекунад, огоҳинома эълон кард.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...