Чанде қабл дар Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ва котиби давлатии ИМА Ҳилларӣ Клинтон доир гардид.
Дар оғози суҳбат вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон сафари Ҳилларӣ Клинтон ба Тоҷикистон дар охири соли 2011 ва натоиҷи бадастомада дар ин гуфтушунидҳоро муҳим арзёбӣ кард.
Вазир иброз дошт, ки машваратҳои дуҷонибаи Тоҷикистону ИМА, ки ба наздикӣ доир мегарданд, барои баррасии масоили ҳалталаби дуҷониба, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ шароити муосид фароҳам меоранд.
Миёни масоили ба рӯзномаи машваратҳои дуҷониба шомилгардида, Ҳ.Зарифӣ масоили марбут ба вазъ дар Афғонистон, хурӯҷи нерӯҳои низомии байнулмилалӣ аз ин кишвар дар соли 2014 ва мусоидати ИМА ба Тоҷикистон дар таҳкими марзҳо ва таъмини амниятро махсус таъкид намуд.
Дар навбати худ, котиби давлатии ИМА сатҳи қаноатбахши муносибатҳои дуҷонибаро зикр карда, ба Тоҷикистон барои дастгирии нерӯҳои низомии эътилоф дар Афғонистон изҳори миннатдорӣ намуд.
Ҳ.Клинтон нақши муҳими Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар ба субот овардани вазъ дар Афғонистонро таъкид сохта, тасдиқ кард, ки ИМА ба кӯмаки минбаъда ба ҷумҳурӣ дар таҳкими марзҳо, мубориза бо қочоқи нашъа, терроризм ва дигар таҳдидҳо омода аст.
Ҷонибҳо ҳамчунин атрофи масоили татбиқи созишу аҳдномаҳои бадастомада зимни Конфронси панҷуми ҳамкории иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон (RECCA-V) дар самти амалисозии лоиҳаҳои зербиноӣ дар Афғонистон, дастгирии Тоҷикистон дар масъалаи узвият ба Созмони ҷаҳонии савдо, рушди ҷомеаи демократӣ ва шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули афкор намуданд.



