Гуфтушуниди Маҳмадсаид Убайдуллоев бо раиси Думаи Давлатӣ

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев дар шаҳри Санкт-Петербург бо ҳамтои русиягии худ, раиси Думаи Давлатии Русия Сергей Наришкин мулоқот кард. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ёвари раиси палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ Шавкат Саидов хабар дод, дар мулоқот ҷонибҳо сатҳи ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои иқтисоду сиёсат, робитаҳои парлумонӣ, маориф ва бахши иҷтимоиро қаноатбахш арзёбӣ […]

Аваз Юлдошев


Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев дар шаҳри Санкт-Петербург бо ҳамтои русиягии худ, раиси Думаи Давлатии Русия Сергей Наришкин мулоқот кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ёвари раиси палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ Шавкат Саидов хабар дод, дар мулоқот ҷонибҳо сатҳи ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои иқтисоду сиёсат, робитаҳои парлумонӣ, маориф ва бахши иҷтимоиро қаноатбахш арзёбӣ намуданд.

«Таъкид гардид, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои гидроэнергетика, сармоягузорӣ ва самтҳои гуманитариро мебояд ба сатҳи нав расонид», – иброз дошт Саидов.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин масоили танзими раванди муҳоҷирати корӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони тоҷик дар Русия ва таҳкими робитаҳои минтақаҳои ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.

Ёдрас мекунем, ки ҳайати парлумонии Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласаҳои Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС) ва кишварҳои узви ИДМ ба шаҳри Санкт-Петербург сафар карда буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.