Баррасии дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар вохӯрии Зарифӣ ва Клинтон

Чанде қабл дар Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ва котиби давлатии ИМА Ҳилларӣ Клинтон доир гардид. Дар оғози суҳбат вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон сафари Ҳилларӣ Клинтон ба Тоҷикистон дар охири соли 2011 ва натоиҷи бадастомада дар ин гуфтушунидҳоро муҳим арзёбӣ кард. Вазир иброз дошт, ки машваратҳои дуҷонибаи Тоҷикистону […]

ASIA-Plus


Чанде қабл дар Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ва котиби давлатии ИМА Ҳилларӣ Клинтон доир гардид.

Дар оғози суҳбат вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон сафари Ҳилларӣ Клинтон ба Тоҷикистон дар охири соли 2011 ва натоиҷи бадастомада дар ин гуфтушунидҳоро муҳим арзёбӣ кард.

Вазир иброз дошт, ки машваратҳои дуҷонибаи Тоҷикистону ИМА, ки ба наздикӣ доир мегарданд, барои баррасии масоили ҳалталаби дуҷониба, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ шароити муосид фароҳам меоранд.

Миёни масоили ба рӯзномаи машваратҳои дуҷониба шомилгардида, Ҳ.Зарифӣ масоили марбут ба вазъ дар Афғонистон, хурӯҷи нерӯҳои низомии байнулмилалӣ аз ин кишвар дар соли 2014 ва мусоидати ИМА ба Тоҷикистон дар таҳкими марзҳо ва таъмини амниятро махсус таъкид намуд.

Дар навбати худ, котиби давлатии ИМА  сатҳи қаноатбахши муносибатҳои дуҷонибаро зикр карда, ба Тоҷикистон барои дастгирии нерӯҳои низомии эътилоф дар Афғонистон изҳори миннатдорӣ намуд.

Ҳ.Клинтон нақши муҳими Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар ба субот овардани вазъ дар Афғонистонро таъкид сохта, тасдиқ кард, ки ИМА ба кӯмаки минбаъда ба ҷумҳурӣ дар таҳкими марзҳо, мубориза бо қочоқи нашъа, терроризм ва дигар таҳдидҳо омода аст.

Ҷонибҳо ҳамчунин атрофи масоили татбиқи созишу аҳдномаҳои бадастомада зимни Конфронси панҷуми ҳамкории иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон (RECCA-V) дар самти амалисозии лоиҳаҳои зербиноӣ дар Афғонистон, дастгирии Тоҷикистон дар масъалаи узвият ба Созмони ҷаҳонии савдо, рушди ҷомеаи демократӣ ва шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули афкор намуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.