Машварати президент дар Данғара оид ба рушди бахши кишоварзӣ

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои доир намудани машварати корӣ бо фаъолон ва кишоварзони вилояти Хатлон ба ноҳияи Данғара сафар кард. Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, ташрифи сарвари давлат ба ноҳияи Данғара аз мавзеи Сомонҷони ҷамоати деҳоти Лолазор оғоз ёфт. Дар мавзеи Офтобрӯи ҳамин ҷамоат Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати ҳамроҳи ӯ дар […]

ASIA-Plus


Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои доир намудани машварати корӣ бо фаъолон ва кишоварзони вилояти Хатлон ба ноҳияи Данғара сафар кард.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, ташрифи сарвари давлат ба ноҳияи Данғара аз мавзеи Сомонҷони ҷамоати деҳоти Лолазор оғоз ёфт.

Дар мавзеи Офтобрӯи ҳамин ҷамоат Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати ҳамроҳи ӯ дар ҳашари умуминоҳиявии ҷамъоварӣ ва захира кардани хӯроки дурушти чорво аз алафҳои табиӣ иштирок намуданд.

Барои дарави дастаҷамъӣ ва фаровон захира кардани хошоки дурушт ба ин мавзеи беканори сералаф ҳазорон нафар даравгарон, садҳо алафдаравҳои аспию тракторӣ ва техникаю таҷҳизоти ғундорандаю тойбандӣ сафарбар шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин аз намоишгоҳи чорвои хушзот ва маҳсулоти кишоварзони вилояти Хатлон дидан карда, барои ҷоннок намудани корҳои зарурӣ ба масъулин дастуру ҳидоятҳо дод.

Дар ҳамин мавзеъ сарвари давлат бо фаъолон ва кишоварзони вилояти Хатлон машварати корӣ доир намуда, дар назди онҳо доир ба рушди минбаъдаи соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла бахши кишоварзӣ вазифаҳои мушаххас мегузорад.

Тавре иттилоъ дода шуд, яке аз ҳадафҳои асосии машварат ва ҳам ҳашари умумии алафдаравӣ сабақ бардоштан аз зимистони шадиду тӯлонии гузашта ва сари вақт оғоз намудани омодагӣ ба зимистони оянда мебошад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.