Шарҳи масоили муҳоҷират ба толибилмони макотиб

Чанде қабл бо ташаббуси Раёсати Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва Созмони Байналмилалии Муҳоҷират дар Тоҷикистон (СБМ) мизи мудаввар дар мавзӯи: «Муҳоҷирати меҳнатӣ ва роҳҳои беҳбуд бахшидан ба фаъолияти он» байни хонандагони синфҳои болоии мактаби таҳсилоти умумии №34 -и шаҳри Душанбе вохӯрӣ доир гардид. Тавре аз […]

ASIA-Plus


Чанде қабл бо ташаббуси Раёсати Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва Созмони Байналмилалии Муҳоҷират дар Тоҷикистон (СБМ) мизи мудаввар дар мавзӯи: «Муҳоҷирати меҳнатӣ ва роҳҳои беҳбуд бахшидан ба фаъолияти он» байни хонандагони синфҳои болоии мактаби таҳсилоти умумии №34 -и шаҳри Душанбе вохӯрӣ доир гардид.

Тавре аз Маркази матбуотиХадамоти муҳоҷират хабар доданд, дар кори мизи мудаввар кормандони Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, намояндагони Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии Хадамоти муҳоҷират (Маркази матбуот), Созмони Байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон (СБМ), омӯзгорони мактаб ва намояндаи Раёсати маорифи шаҳри Душанбе иштирок доштанд.

Ба иттилои манбаъ, зимни сӯҳбат бо мактаббачагон муовини сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалӣ А. Қодирӣ дар бораи вазъи иҷтимоию иқтисодии имрӯзаи кишвар, гузариш ба муносибатҳои бозорӣ, шуғли аҳолӣ, бекорӣ, муҳоҷирати меҳнатии дохилию хориҷӣ, таъсиси Хадамоти муҳоҷират, вазифаҳо ва ваколатҳои он, танзим раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, ҷалби муташаккилона,омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз қабили забони англисӣ, русӣ, немисӣ, арабӣ ва таълим касбии онҳо сӯҳбат намуд.

Дар навбати худ намояндаи СБМ дар Тоҷикистон Авезов Улуғбек дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ, қонуну қарорҳои кишвари қабулкунанда ва фаъолиятҳои Созмони Байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон ба талабагон маълумоти муфассал дод.

Дар анҷоми мулоқот оид ба танзими раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, будубоши муҳоҷирон, қонуну қарорҳо, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, касбу ҳунар, одобу русум ва фарҳанги кишвари қабулкунанда гуфтугуҳо сурат гирифт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.