Омодагии корхонаи бузурги Русия ба қабули муҳоҷирони тоҷик

Корхонаи бузурги бахши кишоварзии Русия – ҶСП «Куликово»-и ноҳияи Дмитровои вилояти Маскав ба қабули муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ва таъмини онҳо бо ҷойи корӣ омода аст. Тавре аз Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, чанд рӯз қабл кормандони намояндагии хадамоти мазкур дар Русия аз ин корхона боздид намуда, бо мақомоти […]

ASIA-Plus


Корхонаи бузурги бахши кишоварзии Русия – ҶСП «Куликово»-и ноҳияи Дмитровои вилояти Маскав ба қабули муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ва таъмини онҳо бо ҷойи корӣ омода аст.

Тавре аз Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, чанд рӯз қабл кормандони намояндагии хадамоти мазкур дар Русия аз ин корхона боздид намуда, бо мақомоти раҳбарии он гуфтушунид анҷом додаанд.

Дар маркази матбуоти хадамот гуфтанд, қаблан аз номи корхонаи мазкур ба унвони Хадамоти муҳоҷирати ҶТ ҷиҳати омодагӣ ба ҷалби муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ба кор дархост ворид шудааст.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни мулоқот муовини директори генералии ҶСП «Куликово» Михаил Климанов изҳор доштааст, ки корхона ҳамасола беш аз 70 ҳазор тонна сабзавот ва картошка парвариш намуда, ба ҷалби қувваи кории хориҷӣ омода аст, зерои барои он квотаи зарурӣ дорад.

Ба корхона коргарони қаторӣ ва мутахассисони соҳитаҷриба, аз қабили агроному механизатор-ронанда ва механизаторони пойгоҳҳои обкашӣ заруранд.

М.Климанов таъкид кардааст, ки зимни қабул ба кор корхона баҳри мусоидат ба гирифтани иҷозатнома ва таъмини муҳоҷирон бо хобгоҳ ва дигар имтиёзҳои иҷтимоӣ дар ҳудуди қаламрави корхонаи худ омода аст.

Зимни ҳалли масъалаи қабул ба кор миёни корфармо ва шаҳрванди хориҷӣ қарордоди меҳнатӣ ба имзо расида, ҳаҷми маош дар корхона корбайъ аст ва ба коргарони ҳирфаӣ тибқи маоши муқарраршуда ҳақмузд пардохт карда мешавад.

Кормандони намояндагии Хадамоти муҳоҷиати ҶТ дар Русия бо шароити зисту маишати шаҳрвандони тоҷик, ки беш аз се сол дар иншооти гуногуни ин корхона кор мекунанд, аз наздик ошно гардида, бо онҳо як қатор вохӯриҳо анҷом доданд.

Айни замон дар иншооти гуногуни ҶСП «Куликово» зиёда аз 300 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон кор мекунанд. Феълан корхонаи мазкур тақрибан ба 300 нафар коргарон ва мутахассисони соҳибтаҷриба ниёз дорад. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.