Анҷумани нахустини дружиначиёни ихтиёрӣ

Date:


Дар Кохи «Ваҳдат»-и шаҳри Душанбе чорабинии бошукӯҳ – нахустин «Анҷумани дружиначиёни ихтиёрӣ» доир гардид.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар анҷуман Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов суханронӣ намуда, аз ҷумла қайд намуд, ки инак беш ду даҳсола мешавад, ки тоҷикон шаҳди озодиву истиқлолро бо маънии томаш мечашанд ва дар рўҳияи созандагиву бунёдкорӣ умр ба сар мебаранд.

«Имрӯзҳо тибқи «Дастурамал оиди вазифаҳои функсионалии сардорони ситодҳо, камандирони дружинаҳои ихтиёрӣ ва назорати кору фаъолияти дружинаҳои ихтиёрӣ» дружиначиёни ихтиёрӣ аз табақаҳои гуногуни ҷомеа ихтиёрӣ бо сафи кормандони милитсия истода, ба онҳо ҳамаҷониба дар ошкору пешгирии ҷиноят ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ мусоидат менамоянд», – гуфт ӯ.

Ба қавли вазир, айни замон дар ҷумҳурӣ беш аз 22 ҳазор држиначиёни ихтиёрӣ фаъолият доранд, вале танҳо 800 нафари онҳо ба хизмати ҳарбӣ мераванд, ки 4% аз шумори умумии дружиначиёнро ташкил медиҳад.

Рамазон Раҳимов муътақид аст, ки ҷалби дружиначиёни ихтиёрӣ ба пешгирии ҷинояткорӣ миёни ҷавонон, ки ахиран дар ҳоли афзоиш аст, кӯмак мерасонад.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, дар зарфи 4 моҳи соли равон 1209 ҷинояти аз ҷониби ноболиғону ҷавонон бо шумули донишҷӯён содиршуда ба қайд гирифта шудааст, ки аз он 12 ҷиноят ба куштор, 86 ҷиноят ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, 28 ҷиноят ба дуздӣ, 5 ҳодиса ба ғоратгарӣ ва 38 ҷиноят ба авбошӣ марбут аст. Аз оғози сол нисбат ба 1 ҳазору 249 нафар ҷавонон 1 ҳазору 136 парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

МЕДИА (Youtube Embed)

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...