Дар Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки ҳамасола санаи 23-юми май таҷлил мегардад, раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо як гурӯҳи ҷавонони фаъоли пойтахт мулоқот хоҳад орост.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории Душанбе иттилоъ дод, дар ҷараёни вохӯрӣ баррасии нақшаҳои ҳукумати пойтахт доир ба ҳалли мушкилоти ҷавонон, масоили истифодаи имконоти ҷавонони пойтахт дар ободонии шаҳр ва дигар масоили рӯзмарраи ҷавонон дар назар аст.
Мутобиқи қарори раиси шаҳри Душанбе, ба ифтихори таҷлили ҷашни Рӯзи ҷавонон дар пойтахт як силсила чорабиниҳо, аз ҷумла вохӯрии собиқадорони ҷангу меҳнат бо ҷавонон дар муассисаҳои таълимӣ, қисмҳои низомӣ, мусобиқоти варзишӣ, аксияи шаҳрӣ таҳти унвони «Нест бод нашъамандӣ ва ВИЧ/СПИД», консертҳо ва дигар чорабиниҳо баргузор мешаванд.


