Интихоби узви Маҷлиси миллӣ бидуни рақобат доир мегардад

Маъракаи интихоботи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, ки ба санаи 9-уми июни соли равон таъин шудааст, бидуни рақобат доир мегардад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйдиҳии ҷумҳурӣ иттилоъ дод, дар ҳавзаи интихоботии мазкур аз ҷониби КМИР танҳо як номзад – роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон Бахтиёр Худоёров сабти […]

Аваз Юлдошев


Маъракаи интихоботи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, ки ба санаи 9-уми июни соли равон таъин шудааст, бидуни рақобат доир мегардад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйдиҳии ҷумҳурӣ иттилоъ дод, дар ҳавзаи интихоботии мазкур аз ҷониби КМИР танҳо як номзад – роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон Бахтиёр Худоёров сабти ном шудааст, ки аз шаҳри Душанбе ба ин мақом пешбарӣ шуд.

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи интихобот ба як ҷойи холишуда дар палатаи болоии парлумони кишвар ба ивази Нуриддин Саидовро ба рӯзи 9-уми июн муайян кард. Нуриддин Саидов аввали моҳи январ ба мансаби вазири маорифи ҷумҳурӣ таъин шуда, ваколатҳои аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ-ро супурд.

Айни замон дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ боз як ҷой холӣ аст. Аввали соли равон собиқ раиси Дастгоҳи иҷроияи сарвари Давлат Матлубхон Давлатов ба вазифаи муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон таъин шуда, аз узвияти Маҷлиси миллӣ хориҷ шуд. Мутобиқи қонунгузорӣ, узви палатаи болоии парлумонро ба ин ҷой президент таъин мекунад.

Қобили зикр аст, ки палатаи болоии парлумони кишвар аз 33 нафар аъзо иборат буда, вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ 25 нафар аъзои Маҷлиси миллиро интихоб менамоянд ва 8 нафари дигар бо фармони президенти ҷумҳурӣ таъин карда мешаванд.

Ғайр аз ин, собиқ президентҳои Тоҷикистон агар ихтиёран аз ин ҳуқуқ даст накашанд, метавонанд якумр аъзои Маҷлиси миллӣ бошанд.

Муҳлати ваколати Маҷлиси Олӣ 5 сол аст. Бо анҷоми ин муҳлат интихоботи нав гузаронида мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.