Вохӯрии раиси пойтахт бо як гурӯҳи ҷавонони фаъол

Дар Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки ҳамасола санаи 23-юми май таҷлил мегардад, раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо як гурӯҳи ҷавонони фаъоли пойтахт мулоқот хоҳад орост. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории Душанбе иттилоъ дод, дар ҷараёни вохӯрӣ баррасии нақшаҳои ҳукумати пойтахт доир ба ҳалли мушкилоти ҷавонон, масоили истифодаи имконоти ҷавонони пойтахт дар […]

Аваз Юлдошев


Дар Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки ҳамасола санаи 23-юми май таҷлил мегардад, раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо як гурӯҳи ҷавонони фаъоли пойтахт мулоқот хоҳад орост.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории Душанбе иттилоъ дод, дар ҷараёни вохӯрӣ баррасии нақшаҳои ҳукумати пойтахт доир ба ҳалли мушкилоти ҷавонон, масоили истифодаи имконоти ҷавонони пойтахт дар ободонии шаҳр ва дигар масоили рӯзмарраи ҷавонон дар назар аст.

Мутобиқи қарори раиси шаҳри Душанбе, ба ифтихори таҷлили ҷашни Рӯзи ҷавонон дар пойтахт як силсила чорабиниҳо, аз ҷумла вохӯрии собиқадорони ҷангу меҳнат бо ҷавонон дар муассисаҳои таълимӣ, қисмҳои низомӣ, мусобиқоти варзишӣ, аксияи шаҳрӣ таҳти унвони «Нест бод нашъамандӣ ва ВИЧ/СПИД», консертҳо ва дигар чорабиниҳо баргузор мешаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.