Идомаи баррасии парвандаи собиқ кормандони ШКД-и Қумсангир

Дар мурофиаи судӣ оид ба баррасии парвандаи собиқ муовини сардори шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Қумсангир Нуриддин Наботов ва сардори шуъбаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовари ШКД-и ҳамин ноҳия Маҳмад Шарифов айбдоркунандаи давлатӣ ба Н.Наботов 10 сол ва М. Шарифов 14 соли таъини ҷазои маҳрум кардан аз озодиро талаб намуд. Н.Наботов дар содир наудани ҷиноят […]

Сайраҳмон Назриев


Дар мурофиаи судӣ оид ба баррасии парвандаи собиқ муовини сардори шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Қумсангир Нуриддин Наботов ва сардори шуъбаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовари ШКД-и ҳамин ноҳия Маҳмад Шарифов айбдоркунандаи давлатӣ ба Н.Наботов 10 сол ва М. Шарифов 14 соли таъини ҷазои маҳрум кардан аз озодиро талаб намуд.

Н.Наботов дар содир наудани ҷиноят тибқи моддаҳои 314 (Суистифода аз ваколатҳои мансабӣ), 316 (Баромадан аз ҳадди  ваколатҳои мансабӣ), 358 (Ғайриқонунӣ дастгир ё ҳабс намудан), 319 (Гирифтани пора) ва 247 (Қаллобӣ)-и КҶ ҶТ гумонбар дониста мешавад.

М. Шарифов бошад, дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаҳои 247 (Қаллобӣ), 323 (Сохтакории хизматӣ), 314 (Суистифода аз ваколатҳои мансабӣ), 316 (Баромадан аз ҳадди  ваколатҳои мансабӣ), 319 (Гирифтани пора) ва 200 (Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо  мақсади   ба соҳибияти каси дигар додан) айбдор карда мешавад.

Ба андешаи айбдоркунандаи давлатӣ дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ ва мурофиаи судӣ гуноҳи судшавандагон пурра собит шудааст, аммо вакилони мудофеи айбдоршавандагон мухолифи ин ақидаанд.

Рустам Давлатшоев, вакили мудофеи Наботов мегӯяд, айби зерҳимояи ӯ дар мавриди соли 2001 зимни фаъолият дар ШКД-и вилояти Хатлон ғайриқонунӣ боздошт кардан ва мавриди шиканҷа қарор додани сокини ноҳияи Вахш Абдухалил Қодиров асоси воқеӣ надорад, зеро ин парванда чандин маротиба аз ҷониби Прокуратураи генералӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, қатъи он қонунӣ шуморида шуда буд. «Акнун баъди гузашти солҳо маълум мешавад, ки парванда ғайриқонунӣ қатъ гардида, баррасии он дубора аз сар гирифта шуд», – гуфт ӯ.

Давлатшоев аз дигар моддаҳои КҶ, аз ҷумла моддаи «Гирифтани пора», ки зерҳимояаш айбдор мешавад, низ изҳори шубҳа намуда, изҳор кард, ки гуноҳҳои ба зерҳимояи ӯ пешниҳодшуда исботи худро наёфтаанд.

«Тамоми далелҳои ҷониби айбдоркунанда ба аризаи ҷониби гӯё ҷабрдида бандубаст шуда, далелҳои мушаххаси айби Наботов мавҷуд нестанд ва аз ин рӯ, ман аз суд дархост мекунам, ки тамоми гуноҳҳои ба дӯши зерҳимояам вогузоршуда бекор гардида, бегуноҳии ӯ  эътироф ва аз толори суд озод карда шавад», – иброз дошт Давлатшоев.

Татяна Умарова, адвокати Маҳмад Шарифов, аз мавқеи ҳамтои худ пуштибонӣ намуда, изҳор кард, ки парвандаи ҷиноӣ нисбат ба собиқ муовини ШКД-и ноҳияи Қумсангир сохтакорӣ шудааст. Суд то 24-уми май танаффус эълон кард.

Баррасии парвандаи ҷиноии собиқ муовини сардори шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Қумсангир Нуриддин Наботов 19-уми апрел оғоз гардид. Дар таърихи 7-уми октябри соли 2011 мақомоти прокуратураи вилояти Хатлон нисбат ба муовини сардори ШКД-и ноҳияи Қумсангир Нуриддин Наботов ва сардори шӯъбаи мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддири ҳамин ноҳия Муҳаммад Шарифов парвандаи ҷиноӣ боз намуда буд.

Дар ҷараёни тафтишот ошкор шудааст, ки кормандони милиса бо мақсади минбаъд тамаъ кардани пора ба дохили автомашинаи яке аз соҳибкорони маҳаллӣ маводи нашъаовар партофтанӣ шудаанд ва ин ҳодиса боиси боздошти онҳо шудааст.   

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.