Бенатиҷа анҷом ёфтани озмоиши нерӯгоҳҳои бодӣ дар ҷануб

Date:


Ба иллати кифоя набудани қувваи шамол барои истеҳсоли нерӯи барқ, озмоиши нерӯгоҳҳои барқии иқтидори 20кВт дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ бенатиҷа анҷом ёфт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз корхонаи шабакаҳои барқи минтақаи Кӯлоб хабар дод, нерӯгоҳҳои бодии дар ноҳияҳои Фархор, Шӯрообод ва Балҷувон насбшуда муддати се сол ба таври бояду шояд ба кор надаромада, зарурати даст кашидан аз озмоиш ба миён омадааст.

Дар ҳамин ҳол, мегӯяд ҳамсуҳбат, нерӯгоҳҳои барқии иқтидори аз 0,3 то 1-2 кВт, ки аз ҷониби соҳибкорони хусусӣ бунёд шудаанд, муваффақона мавриди истифода қарор дошта, барои таъмини рӯшноии як хонавода истифода мегарданд.

Ҳамзамон дар минтақа тадриҷан нерӯгоҳҳои хурди офтобӣ писандида мегарданд. «Ба ин монанд 9 нерӯгоҳи хурд иофтобӣ дар ноҳияи Шӯрообод мудом ва бидуни мушкилот нерӯи барқ истеҳсол мекунанд», – гуфт манбаъ ва афзуд, ки як зумра соҳибкорон нияти харидани чунин нерӯгоҳҳоро изҳор кардаанд.

Қобили зикр аст, ки истифодаи нерӯгоҳҳои хурди офтобӣ маҳз дар ноҳияи мазкур басо муҳим аст, зеро шумори аҳолии маҳаллаҳои ин ҷо хеле кам буда, ҳамчунин онҳо аз хатҳои интиқоли барқи асосӣ дар масофаи дур ҷойгиранд. «Маҳз бо ҳамин сабаб аз 75 нерӯгоҳи хурди барқӣ дар минтақаи Кӯлоб 68-тоаш дар ноҳияи Шӯрообод сохта шудаст», – афзуд манбаъ.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...