Президент тоҷикистониёнро бо Рӯзи ҷавонон табрик гуфт

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шаҳрвандони ҷумҳуриро бо Рӯзи ҷавонон табрик гуфт. Дар паёми табрикотии худ ба ин муносибат сарвари давлат зикр кард, ки ҳисси ватандориву ватандӯстӣ ва ифтихори миллии ҷавонони мо торафт боло рафта, иштироки онҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсии кишварамон сол аз сол тақвият меёбад. Президент таъкид мекунад, ки «басо рамзист, ки таҷлили […]

ASIA-Plus


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шаҳрвандони ҷумҳуриро бо Рӯзи ҷавонон табрик гуфт.

Дар паёми табрикотии худ ба ин муносибат сарвари давлат зикр кард, ки ҳисси ватандориву ватандӯстӣ ва ифтихори миллии ҷавонони мо торафт боло рафта, иштироки онҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсии кишварамон сол аз сол тақвият меёбад.

Президент таъкид мекунад, ки «басо рамзист, ки таҷлили имсолаи Рӯзи ҷавонон дар соли истиқболи ду ҷашни муқаддасу таърихии мо, яъне 15 – солагии Ваҳдати миллӣ ва бистсолагии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омадааст».

«Ҳамасола дар сатҳи баланди ҷамъиятиву сиёсӣ таҷлил гардидани Рӯзи ҷавонон шаҳодати ғамхориҳои пайвастаи давлату Ҳукумат нисбат ба насли ҷавони кишвар мебошад. Зеро ҷавонон қувваи бузург ва ояндаи миллатанд ва мо аз шумо – насли ояндасози кишвар умеди калон дорем, – қайд мешавад дар табрикот. –  Ҳар тадбире, ки дар мамлакат амалӣ карда мешавад, пеш аз ҳама, барои беҳбудии ҳаёти ҷавонон ва ояндаи неки Тоҷикистон аст».

Сарвари давлат бори дигар ёдовар мешавад, ки «дар ин раванди созандаву неки иҷтимоӣ ҷавонон бояд як нуктаи муҳимро ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки маҳз наслҳои дорои маърифати баланд ва тафаккури созандаву ахлоқи ҳамида метавонанд пайванди ногусастании наслҳо ва рӯҳи абадзиндаи аҷдоди тамаддунсози хешро, ки ҳанӯз дар аҳди Сомониён соҳиби марказҳои бузурги тамаддун ва доираҳои тавонои илмиву адабӣ буданд, зинда доранд ва бо такя ба хираду таҷрибаи ниёгони сарбаландамон асри тиллоии миллати хешро бори дигар эҳё намоянд».

«Бо итминон метавон зикр намуд, ки ҷавонони мо бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ дар оянда низ тамоми нерӯи худро барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизамон ва устувор гардонидани мавқеи он дар қатори кишварҳои мутараққӣ сафарбар менамоянд», – изҳор кардааст Эмомалӣ Раҳмон.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар Суғд раиси як хоҷагӣ ду ҳамдеҳаашро бо милтиқ парондааст

Ҳарду сокини тирхурда ҷон бохтаанд ва ҷанозаи онҳоро имрӯз ба хок супоридаанд.

Идомаи достони наҷоти духтар аз сӯйи як мактабхон. Раҳматулло қадрдонӣ шуд ва ваъдаи таҳсили ройгон гирифт

Модари ин навраси тоҷик мегӯяд, ифтихор дорад ки чунин фарзанди ҷасуру боирода тарбия кардаву ба воя расонидааст.

Шералӣ Кабир: Имрӯз “Азия-Плюс” садои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва оинаи даврон аст!

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон “Азия-Плюс”-ро бо солгардаш табрик гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 76

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 апрели соли 2026

Аз қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистон то зодрӯзи Қиёмиддин Чақалзодаву Дилшод Раҳимӣ ва Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи меҳнат