Бенатиҷа анҷом ёфтани озмоиши нерӯгоҳҳои бодӣ дар ҷануб

Ба иллати кифоя набудани қувваи шамол барои истеҳсоли нерӯи барқ, озмоиши нерӯгоҳҳои барқии иқтидори 20кВт дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ бенатиҷа анҷом ёфт. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз корхонаи шабакаҳои барқи минтақаи Кӯлоб хабар дод, нерӯгоҳҳои бодии дар ноҳияҳои Фархор, Шӯрообод ва Балҷувон насбшуда муддати се сол ба таври бояду шояд ба кор надаромада, […]

Турко Дикаев


Ба иллати кифоя набудани қувваи шамол барои истеҳсоли нерӯи барқ, озмоиши нерӯгоҳҳои барқии иқтидори 20кВт дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ бенатиҷа анҷом ёфт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз корхонаи шабакаҳои барқи минтақаи Кӯлоб хабар дод, нерӯгоҳҳои бодии дар ноҳияҳои Фархор, Шӯрообод ва Балҷувон насбшуда муддати се сол ба таври бояду шояд ба кор надаромада, зарурати даст кашидан аз озмоиш ба миён омадааст.

Дар ҳамин ҳол, мегӯяд ҳамсуҳбат, нерӯгоҳҳои барқии иқтидори аз 0,3 то 1-2 кВт, ки аз ҷониби соҳибкорони хусусӣ бунёд шудаанд, муваффақона мавриди истифода қарор дошта, барои таъмини рӯшноии як хонавода истифода мегарданд.

Ҳамзамон дар минтақа тадриҷан нерӯгоҳҳои хурди офтобӣ писандида мегарданд. «Ба ин монанд 9 нерӯгоҳи хурд иофтобӣ дар ноҳияи Шӯрообод мудом ва бидуни мушкилот нерӯи барқ истеҳсол мекунанд», – гуфт манбаъ ва афзуд, ки як зумра соҳибкорон нияти харидани чунин нерӯгоҳҳоро изҳор кардаанд.

Қобили зикр аст, ки истифодаи нерӯгоҳҳои хурди офтобӣ маҳз дар ноҳияи мазкур басо муҳим аст, зеро шумори аҳолии маҳаллаҳои ин ҷо хеле кам буда, ҳамчунин онҳо аз хатҳои интиқоли барқи асосӣ дар масофаи дур ҷойгиранд. «Маҳз бо ҳамин сабаб аз 75 нерӯгоҳи хурди барқӣ дар минтақаи Кӯлоб 68-тоаш дар ноҳияи Шӯрообод сохта шудаст», – афзуд манбаъ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз мавлуди устод Қаноат, яке аз устураитарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст. Ӯ яке аз достонсароёни моҳир дар адабиёти навини тоҷик ба ҳисоб меравад ва дар тарбияти...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.