Як хориҷӣ миқдори рекордии маводи мухаддири синтетикиро интиқол доданӣ буд

Дар фурудгоҳи Душанбе кормандони хадамоти гумрук аз кӯшиши интиқоли миқдори рекордии маводи мухаддири синтетикии «метамфетамин» ба хориҷи кишвар ҷилавгирӣ намуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Хадамоти гумрук хабар доданд, рӯзи якшанбеи ҳафтаи гузашта зимни азназаргузаронии гумрукии бағочи мусофирони хатсайри ҳавоии Душанбе-Алмаато ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир як шаҳрванди хориҷӣ боздошт шудааст. […]

Наргис Ҳамробоева


Дар фурудгоҳи Душанбе кормандони хадамоти гумрук аз кӯшиши интиқоли миқдори рекордии маводи мухаддири синтетикии «метамфетамин» ба хориҷи кишвар ҷилавгирӣ намуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Хадамоти гумрук хабар доданд, рӯзи якшанбеи ҳафтаи гузашта зимни азназаргузаронии гумрукии бағочи мусофирони хатсайри ҳавоии Душанбе-Алмаато ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир як шаҳрванди хориҷӣ боздошт шудааст.

«Аз бағочи ӯ ба миқдори беш аз 67 кило маводи мухаддири синтетикии «метамфетамин» дарёфт ва мусодира карда шуд», – гуфтанд дар хадамот.

Ба иттилои манбаъ, дар бозори пасипардагӣ арзиши ин миқдор маводи мухаддири мусодирашуда то ба 6 млн. доллари ИМА мерасад.

«Боздоштшуда ният доштааст, ки ин миқдор маводи мухаддирро тавассути Қазоқистон ба Малайзия интиқол диҳад», – гуфт манбаъ.

Зикр гардид, ки аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад. Яке аз ҳаммаслакони гумонбаршуда – шаҳрванди Тоҷикистон мавриди ҷустуҷӯ қарор дорад.

Метамфетамин дар қатори кокаину кофеин ба маводи мухаддири навъи такондиҳандаҳо мансуб буда, ба асаб ва ҷисми инсон таъсири шадид мегузорад. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз мавлуди устод Қаноат, яке аз устураитарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст. Ӯ яке аз достонсароёни моҳир дар адабиёти навини тоҷик ба ҳисоб меравад ва дар тарбияти...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.