Табодули таҷрибаи журналистони бахши иқтисоди Тоҷикистону Қирғизистон

Дар ҷараёни кори як семинар таҳти унвони «Журналистикаи иқтисодӣ ва саводнокии молиявӣ: таъсир ба фақр ва рушди устувор. Дурнамо, мушкилот ва ҳамкории Тоҷикистону Қирғизистон», ки баргузории он рӯзҳои 29-30-юми май дар Бишкек ба нақша гирифта шудааст, журналистони тоҷику қирғиз ба табодули таҷриба дар самти рушди журналистикаи иқтисодӣ имкон пайдо хоҳанд кард. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» […]

ASIA-Plus


Дар ҷараёни кори як семинар таҳти унвони «Журналистикаи иқтисодӣ ва саводнокии молиявӣ: таъсир ба фақр ва рушди устувор. Дурнамо, мушкилот ва ҳамкории Тоҷикистону Қирғизистон», ки баргузории он рӯзҳои 29-30-юми май дар Бишкек ба нақша гирифта шудааст, журналистони тоҷику қирғиз ба табодули таҷриба дар самти рушди журналистикаи иқтисодӣ имкон пайдо хоҳанд кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Иттиҳодияи ҷамъиятии «Хома», яке аз созмондиҳандагони ин чорабинӣ хабар доданд, дар семинар ҳамчунин таҳияи усулҳо ва муайян кардани шакли ҳамкории имконпазир дар амалисозии лоиҳаҳои муштарак дар назар аст.

«Журналистикаи иқтисодӣ ва саводнокии молиявӣ захираҳое мебошанд, ки ба шаҳрвандони бисёр кишварҳо бо шумули кишварҳои дар ҳоли рушд қарордошта барои афзоиши даромад ва беҳбуди сатҳи некӯаҳволӣ кӯмак мерасонанд, – зикр карданд дар ИҶ «Хома». – Ин масоил бахусус дар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ муҳим аст, зеро аксари аҳолии минтақа аз дастрасии мудом ба маълумоти иқтисодӣ маҳрум буда, дар масъалаи идораи молияи худ аз таҷрибаи кофӣ бархӯрдор нест. Сарфи назар аз мушкилот, ду кишвари минтақа – Тоҷикистону Қирғизистон дар ин самт кӯшишоти зиёд ба харҷ медиҳанд. Комёбиҳои муайяне ба даст оварда шуданд, вале мушкилот то ҳанӯз зиёд аст».

Ба иттилои манбаъ, дар семинар муколамаи журналистону коршиносон доир гардида, он масоили тамоили ҷаҳонӣ дар рушди журналистикаи иқтисодӣ, саводнокии молиявӣ, мушкилоти журналистикаи иқтисодӣ дар Қирғизистону Тоҷикистон, инъикоси дахолати давлат ба иқтисод, мушкилоти амнияти иттилоотӣ ва ҳамчунин рушди иқисодии минтақаҳоро фарогир хоҳад буд.

Дар кори семинар журналистон ва медиа-коршиносони Тоҷикистону Қирғизистон ширкат хоҳанд варзид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз мавлуди устод Қаноат, яке аз устураитарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст. Ӯ яке аз достонсароёни моҳир дар адабиёти навини тоҷик ба ҳисоб меравад ва дар тарбияти...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.