Нигаронии созмонҳои журналистӣ аз ҳодисаҳои лату кӯби шаҳрвандон

Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (ИЖТ), Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ), Медиа Алянси Тоҷикистон (МАТ), Шӯрои оид ба ВАО Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бунёди гиромидошт ва ҳифзи ҳуқуқҳои журналистони Тоҷикистон ва Созмони ҷамъиятии «Журналист» бо сабаби аз тарафи ашхоси номаълуми бадкирдор ҳадафи ҳамла ва лату кӯб қарор гирифтани шаҳрвандон, аз он ҷумла журналистон, изҳори ташвиш менамоянд. […]

ASIA-Plus


Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (ИЖТ), Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ), Медиа Алянси Тоҷикистон (МАТ), Шӯрои оид ба ВАО Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бунёди гиромидошт ва ҳифзи ҳуқуқҳои журналистони Тоҷикистон ва Созмони ҷамъиятии «Журналист» бо сабаби аз тарафи ашхоси номаълуми бадкирдор ҳадафи ҳамла ва лату кӯб қарор гирифтани шаҳрвандон, аз он ҷумла журналистон, изҳори ташвиш менамоянд.

Дар Баёнияи қабулкардаи ин ташкилотҳо гуфта мешавад, созмонҳои журналистӣ аз мақомоти ҳифзи қонуни ҷумҳурӣ бо мақсади кушодани ҳуқуқвайронкуниҳо талаб менамоянд, ки ҳар як воқеаи мазкурро ба таври ҷиддӣ тафтиш намуда, аҳли ҷомеаро аз натиҷаҳои фаъолияти худ оид ба устувор гардондани тартиботи қонунӣ дар мамлакат хабардор гардонанд.

 «Танҳо дар нимаи аввали соли 2012 воситаҳои ахбори оммаи мамлакат дар бораи се воқеаи лату кӯби одамони эҷодкор хабар интишор кардаанд. Аз воқеаи мавриди лату кӯб қарор гирифтани журналисти ТВ «Сафина» Далер Шарифов дар шаҳри Душанбе акнун ду ҳафта гузаштааст. Қаблан дар шаҳри Қӯрғонтеппа раиси Ҷамъияти ӯзбекони вилояти Хатлон Салим Шамсиддинов лату кӯб шуда буд. Агар нафари аввалӣ сабаби лату кӯб қарор гирифтанашро ба фаъолияти касбиаш алоқаманд донад, пас нафари дуюмӣ мусоҳибааш бо ВАО-ро сабаб медонад. Баъд аз чанд рӯз аз тарафи ашхоси номаълум нависанда Равшани Ёрмуҳаммад низ мавриди ҳамла қарор гирифт», – омадааст дар Баёния.

Дар Баёни изҳори итминон карда мешавад, ки шиддат бахшидани муҳити тарсу ҳарос ва беҳимоятӣ, ки натиҷаи фаъолияти гурӯҳҳои ҷиноятпеша аст, оқибатҳои ногувор дошта, ба он оварда мерасонад, ки шахсиятҳои баргузида тарки кишвар мекунанд. Илова бар ин, то охир анҷом наёфтани тафтишоти воқеаҳои номбаршуда ва воқеаҳои дигар ба тартиботи қонунӣ ва амнияти ҷомеаи мамлакат хатар доранд. Дар ҳолати баамаломада мувофиқи мақсад будани ташаббуси Вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимов дар бораи аз ҳисоби шаҳрвандони нисбатан бошуур эҳё намудани фаъолияти дружинаҳои мардумиро маъқул медонем, зеро онҳо якҷоя бо коркунони милитсия барои пешгирӣ намудани қонунвайронкунӣ ва устувор гардондани тартиботи ҷамъиятӣ дар шаҳрҳо ва навоҳии ҷумҳурӣ мусоидат карда метавонанд.

«Мо ҷонибдори волоияти қонун дар ҷомеа буда, ҳамаи одамони фаъолро даъват менамоем, ки барои ба амал овардани шароити бебозгашти ҷазодиҳӣ барои поёмолсозии ҳуқуқҳои шаҳрвандон дар ҷомеа саҳми худро гузоранд», зикр мегардад дар Баёния.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бузи Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз мавлуди устод Қаноат, яке аз устураитарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст....

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.