Таҷлили ҷашни Рӯзи ҷавонон дар Тоҷикистон

Имрӯз дар Тоҷикистон ҷашни Рӯзи ҷавонон таҷлил мегардад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти шаҳрдории Душанбе хабар доданд, ба ин муносибат раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо як гурӯҳи ҷавонони фаъоли пойтахт мулоқот хоҳад орост. Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни вохӯрӣ баррасии нақшаҳои ҳукумати пойтахт доир ба ҳалли мушкилоти ҷавонон, масоили истифодаи имконоти ҷавонони пойтахт […]

Пайрав Чоршанбиев


Имрӯз дар Тоҷикистон ҷашни Рӯзи ҷавонон таҷлил мегардад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти шаҳрдории Душанбе хабар доданд, ба ин муносибат раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо як гурӯҳи ҷавонони фаъоли пойтахт мулоқот хоҳад орост.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни вохӯрӣ баррасии нақшаҳои ҳукумати пойтахт доир ба ҳалли мушкилоти ҷавонон, масоили истифодаи имконоти ҷавонони пойтахт дар ободонии шаҳр ва дигар масоили рӯзмарраи ҷавонон дар назар аст.

Мутобиқи қарори раиси шаҳри Душанбе, ба ифтихори таҷлили ҷашни Рӯзи ҷавонон дар пойтахт як силсила чорабиниҳо, аз ҷумла вохӯрии собиқадорони ҷангу меҳнат бо ҷавонон дар муассисаҳои таълимӣ, қисмҳои низомӣ, мусобиқоти варзишӣ, аксияи шаҳрӣ таҳти унвони «Нест бод нашъамандӣ ва ВИЧ/СПИД», консертҳо ва дигар чорабиниҳо баргузор мешаванд.

Дар паёми табрикотии худ бахшида ба ин ҷашн президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зикр кард, ки ҳисси ватандориву ватандӯстӣ ва ифтихори миллии ҷавонони мо торафт боло рафта, иштироки онҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсии кишварамон сол аз сол тақвият меёбад.

Ёдрас мекунем, ки шурӯъ аз соли 1997 санаи 23-юми май дар Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи ҷавонон таҷлил мегардад. Ин сана аз рӯзи таъсиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ ҷашн гирифта мешавад. Ҳадаф аз таҷлили ҷашни Рӯзи ҷавонон тавачҷҷуҳи бештар ба ҳалли мушкилоти насли наврас ва ҷавонон аст. Феълан ҳудуди 70%-и аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.