Ташрифи гузоришгари вижаи СММ оид масоили риояи ҳуқуқ ба солимӣ

Гузоришгари вижаи СММ оид ба масъалаи риояи ҳуқуқи инсон ба солимӣ Ананд Гровер аз 24-уми май то 1-уми июни соли равон бо даъвати ҳукумати ҷумҳурӣ аз Тоҷикистон боздид мекунад. Бино ба маълумоти Маркази иттилооти СММ, қабл аз сафар А.Гровер гуфтааст, ҳадафи сафари ӯ дар ҷалби ҳукумат, шарикон оид ба рушд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ баҳри ҳалли […]

Пайрав Чоршанбиев


Гузоришгари вижаи СММ оид ба масъалаи риояи ҳуқуқи инсон ба солимӣ Ананд Гровер аз 24-уми май то 1-уми июни соли равон бо даъвати ҳукумати ҷумҳурӣ аз Тоҷикистон боздид мекунад.

Бино ба маълумоти Маркази иттилооти СММ, қабл аз сафар А.Гровер гуфтааст, ҳадафи сафари ӯ дар ҷалби ҳукумат, шарикон оид ба рушд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ баҳри ҳалли мушкилоти молиявии ба низоми тандурустии Тоҷикистон хос ифода меёбад.

«Низоми мазкур ба маблағгузориҳои хусусӣ, ки қисмати зиёди хароҷот ба соҳаи тандурустии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд, ниёзи ҷиддӣ дорад», – иброз доштааст гузоришгар.

Номбурда ҳамчунин зикр кардааст, ки нияти баррасии масоили марбут ба солимии рӯҳӣ ва табобати бемории силро дар нақша дошта, таваҷҷуҳи мақомоти дахлдорро ба мушкилоти тамғагузорӣ (стигма) ва поймолкунии ҳуқуқ ҷалб карданист.

Гузоришгари махсуси СММ доир ба хулосаҳои пешакии бардошта аз сафар рӯзи 31-уми май дар шаҳри Душанбе нишасти хабарӣ доир месозад. Ӯ пас аз сафар ба Озарбойҷон ба Душанбе меояд.

Ёдрас мекунем, ки аз 10 то 18-уми майи соли равон гузоришгари вижаи СММ оид ба масоили шиканҷа Хуан Мендес ба Тоҷикистон сафари корӣ анҷом дод.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.