Кӯмаки «Хабарнигорони бидуни марз» ба журналисти ТВ «Сафина»

Date:


Созмони байнулмилалии «Хабарнигорони бидуни марз» ба журналисти телевизиони «Сафина», ки мавриди лату кӯби шахсони номаълум қарор гирифта буд, дар ҳаҷми 300 доллари ИМА кӯмак кард. Дар ин бора аз Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, рӯзи 25-уми май раиси АМВАОМТ Нуриддин Қаршибоев маблағи зикршударо ба журналист супурдааст.

«Ташкилоти мо баҳри расонидани кӯмаки моддиву маънавӣ ба Далер Шарифов, ки барои изҳори мавқеи шаҳрвандӣ ва фаъолияти касбӣ осеб дид, ба созмони «Хабарнигорони бидуни марз» муроҷиат намуд ва ин кӯмак гувоҳи ҳамраъйии онҳост», – гуфт Қаршибоев.

Ба қавли номбурда, далер Шарифов аз АМВАОМТ ва шарикони он барои дастгириву кӯмак изҳори миннатдорӣ намуда, гуфтааст, сарфи назар аз таҳдиду саддгузориҳо, минбаъд низ фаъолияти густардаи журналистии худро идома дода, нияти аз роҳи интихобкарда баргаштанро надорад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...