Озмуни мақомоти шаҳрдории Кӯлоб оид ба тозагӣ ва ободонӣ

Date:


Мақомоти шаҳрдории Кӯлоб оид ба баргузории озмун дар мавриди тозагии кӯчаву маҳалла, хиёбону боғҳои истироҳат ва қаламрави мансуб ба муассисаҳо озмун эълон кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини раиси шаҳри Кӯлоб Зулайхо Комилова хабар дод, комиссияи махсус аз ҷараёни озмун тибқи як қатор нишондиҳандаҳо – аз тозагии кӯчаву хиёбон ва мавзеҳои атрофи биноҳои истиқоматӣ то муносибати бошандагони он ба ҳамсоягон аз қишри камбизоати аҳолӣ ва маъюбону собиқадорон натиҷагирӣ хоҳад кард.

Ба гуфтаи ӯ, ба ғолибони озмун дар маҷмӯъ ба маблағи ҳудуди 36 ҳазор сомонӣ ҷоизаву мукофотҳо пешбинӣ шудаанд. «Ҳадафи аслии ин чорабинӣ ҷалби ҳарчи бештари сокинони шаҳру навоҳӣ ба тозаву озода нигоҳ доштани макони истиқомат ва саҳм гузоштан дар ободонии кишвар аст», – иброз дошт З.Комилова ва афзуд, ки натиҷаҳои озмун дар чорабиниҳои ҷашнӣ ба ифтихори 20-умин солгарди иҷлосияи тақдирсози XVI-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон ҷамъбаст мешаванд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...