Боздошти гурӯҳи ҷиноии машғул ба таҳияи дипломҳои қалбакӣ

Date:


Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ як гурӯҳи ҷиноиеро безарар гардониданд, ки муддати беш аз 20 сол ба омода кардан ва фурӯши дипломҳои макотиби олии Тоҷикистон машғул будааст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Маркази робита бо ҷомеаи КДАМ ҶТ Нозирҷон Бӯриев хабар дод, аъзои гурӯҳ – сокинони пойтахт Сафар Раҷабови 63-сола, Ғиёсиддин Очилови 46-сола, Людмила Дрозденкои 44-сола, Муҳаббат Сувонқуловаи 39-сола ва сокини 39-солаи шаҳри Турсунзода Толиб Очилдиев сар аз охири соли 1990 то замони дастгир шудан ба шаҳрвандони Русия, Эрон, Афғонистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон бо арзиши аз 300 то 800 доллари ИМА беш аз 100 адад дипломҳои макотиби олии Тоҷикистонро фурӯхтаанд.

Ба иттилои манбаъ, зимни боздошти аъзои гурӯҳи ҷиноятпешаи созмонёфта далелҳои шайъӣ – техникаи компютерӣ, принтерҳои ранга, варақаҳои нимтайёр ва тайёри муқоваи дипломҳои қалбакӣ дарёфт ва мусодира карда шудаанд.

Зикр гардид, ки нисбат ба аъмоли ин шахсон парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...