Боздошти гурӯҳи ҷиноии машғул ба таҳияи дипломҳои қалбакӣ

Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ як гурӯҳи ҷиноиеро безарар гардониданд, ки муддати беш аз 20 сол ба омода кардан ва фурӯши дипломҳои макотиби олии Тоҷикистон машғул будааст. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Маркази робита бо ҷомеаи КДАМ ҶТ Нозирҷон Бӯриев хабар дод, аъзои гурӯҳ – сокинони пойтахт Сафар Раҷабови 63-сола, Ғиёсиддин Очилови 46-сола, Людмила Дрозденкои […]

Аваз Юлдошев


Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ як гурӯҳи ҷиноиеро безарар гардониданд, ки муддати беш аз 20 сол ба омода кардан ва фурӯши дипломҳои макотиби олии Тоҷикистон машғул будааст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Маркази робита бо ҷомеаи КДАМ ҶТ Нозирҷон Бӯриев хабар дод, аъзои гурӯҳ – сокинони пойтахт Сафар Раҷабови 63-сола, Ғиёсиддин Очилови 46-сола, Людмила Дрозденкои 44-сола, Муҳаббат Сувонқуловаи 39-сола ва сокини 39-солаи шаҳри Турсунзода Толиб Очилдиев сар аз охири соли 1990 то замони дастгир шудан ба шаҳрвандони Русия, Эрон, Афғонистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон бо арзиши аз 300 то 800 доллари ИМА беш аз 100 адад дипломҳои макотиби олии Тоҷикистонро фурӯхтаанд.

Ба иттилои манбаъ, зимни боздошти аъзои гурӯҳи ҷиноятпешаи созмонёфта далелҳои шайъӣ – техникаи компютерӣ, принтерҳои ранга, варақаҳои нимтайёр ва тайёри муқоваи дипломҳои қалбакӣ дарёфт ва мусодира карда шудаанд.

Зикр гардид, ки нисбат ба аъмоли ин шахсон парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.