Шоир ва олими тоҷик Академики Академияи илмҳои табиии Русия интихоб шуд

Шоир ва олими тоҷик, узви иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, доктори улуми филологӣ Мирзоҳасан Султонов (Ҳасани Султон) ба узвияти ҳақиқии Академияи илмҳои табиии Русия пазируфта шуд. Унвони илмӣ ба Мирзоҳасан Султонов аз ҷониби Президенти Академияи илмҳои табиии Русия Михаил Ледванов дар ҷараёни иҷлосияи баҳории Академия дар чаҳорчӯби баргузории Конфронси XIII-уми байнулмилалӣ дар мавзӯи «Масоили муҳими илм ва […]

Макнуна Соҳиб


Шоир ва олими тоҷик, узви иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, доктори улуми филологӣ Мирзоҳасан Султонов (Ҳасани Султон) ба узвияти ҳақиқии Академияи илмҳои табиии Русия пазируфта шуд.

Унвони илмӣ ба Мирзоҳасан Султонов аз ҷониби Президенти Академияи илмҳои табиии Русия Михаил Ледванов дар ҷараёни иҷлосияи баҳории Академия дар чаҳорчӯби баргузории Конфронси XIII-уми байнулмилалӣ дар мавзӯи «Масоили муҳими илм ва маориф» дар Маскав супурда шуд.

Олими тоҷик М.Султонов дар ҷараёни кори конфронси байнулмилалӣ дар мавзӯи «Ташаккули истилоҳоти тиббии форсӣ-тоҷикӣ» маърӯза кард.

Қабул ба узвияти ҳақиқии Академия бо қарори Иҷлосияи Академия тавассути овоздиҳии пинҳонӣ ва аксарияти одии овозҳои иштирокчиёни Иҷлосияи Академия сурат мегирад.

М.Султонов якумин олими тоҷик аст, ки ба унвони Академики Академияи илмҳои табиии Русия мушарраф гардид. Миёни олимони тоҷик доктори илмҳои физикаву математика, академики Академияи улуми ҶТ Зафар Усмонов узви вобастаи Академияи илмҳои табиии Русия аст.

Қобили зикр аст, ки ба ҷуз диплом, ба М.Султонов ҳамчунин нишони сарисинагии «Академики Академияи илмҳои табии Русия» ва медали тилои ба номи В.И.Вернадский низ тақдим карда шуд. Тарҷумаи ҳол ва корҳои илмии олими тоҷик М.Султонов ба энсиклопедияи «Олимони Русия» дохил карда шудааст.

Мирзоҳасан Султонов диссертатсияи докториашро дар мавзӯи «Ташаккул ва рушди истилоҳоти илмии форсӣ-тоҷикӣ (дар асоси маводи мероси илмии қарнҳои IX-XI)» ҳифз кардааст. Ӯ муаллифи 6 китоби илмӣ ва 4 маҷмӯаи шеърҳо буда, узви як қатор иттифоқу созмонҳо, аз ҷумла Комиссияи имлои забони тоҷикии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати ҶТ ва узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.