Озодии ду табиби ба Алии Бедакӣ кӯмакрасонида

Date:


Ду табиби ноҳияи Рашт, ки барои огоҳ накардани мақомот дар бораи кӯмаки тиббӣ расонидан ба яке аз ҷангиёни собиқ Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик Алии Бедакӣ маҳкум шуда буданд, озод гардиданд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» сардухтури Беморхонаи марказии ноҳияи Рашт Деҳотӣ Зоҳиров хабар дод.

«Сар аз моҳи феврали соли равон ин табибони ҷарроҳ – Абдулло Вазиров ва Муҳаммадхолиқ Содиқ пас аз озодӣ дар ҷойи кори пештараашон – беморхонаи ноҳия кор мекунанд. Онҳо табибони соҳибтаҷриба буда, ҷарроҳиҳои хеле мушкилро анҷом медиҳанд ва ба мо хеле заруранд», – гуфт сардухтур ва таъкид кард, ки онҳо дар замони шӯравӣ маълумоти олии тиббӣ гирифта, айни замон Муҳаммадхолиқи Содиқ 40-сола ва Вазиров аз 60-сола боло аст.

Муовини сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои Вазорати адлияи Тоҷикистон Илҳом Маҳмудов ба ОИ «Азия-Плюс» далели мутобиқи қонуни афв озод шудани табибонро тасдиқ намуд.

Абдулло Вазиров ва Муҳаммадхолиқ Содиқ аввали соли 2011 ба гумони огоҳ накардани мақомот дар бораи маълумоти муҳим боздошт шуда буданд. Ин ҷо сухан дар бораи он мерафт, ки табибон ба мақомот дар бораи кӯмаки тиббӣ расонидан ба яке аз ҷангиёни собиқ Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик Аловуддин Давлатов (Алии Бедакӣ) хабар надода буданд.

Ҳарчанд онҳо медонистанд, ки ба кӣ кӯмаки тиббӣ мерасонанду ӯ дар содир намудани кадом ҷиноятҳо гумонбар дониста мешавад, вале тирамоҳи соли 2010 табибон захми аз тир гирифтаи Алии Бедакиро ҷарроҳӣ ва муолиҷа карда буданд.

Аввали моҳи январи соли 2010 дар ҷараёни амалиёти махсус дар ноҳияи Рашт Алии Бедакӣ бо гурӯҳи начандон зиёди худ нобуд карда шуд. Ҳукумати Тоҷикистон ӯро дар ҳамлаи мусаллаҳона ба қатори автомашинаҳои Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ дар дараи Камароб (19-уми сентябри соли 2010), ки бар асари он зиёда аз 20 сарбозону афсарон ба ҳалокат расида буданд, гунаҳкор медонад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...