Соҳибкорон барои фурӯши сериалҳои туркӣ ба ҷавобгарӣ кашида шуданд

Прокуратураи вилояти Хатлон нисбат ба ду тан аз соҳибкорони ноҳияи Панҷ барои фурӯши DVD-дискҳое, ки ба меъёри давлатӣ ҷавобгӯ набуданд, парвандаи ҷиноӣ боз намуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сармуфаттиш оид ба парвандаҳои махсусан муҳими прокуратураи вилояти Хатлон Бахтиёр Ҳайдаров хабар дод, соҳибкорон Ҷалолиддин Раҳматов ва Сайдамир Шоҳов дар бозори марказии ноҳияи Панҷ ба фурӯши дискҳои […]

Сайраҳмон Назриев


Прокуратураи вилояти Хатлон нисбат ба ду тан аз соҳибкорони ноҳияи Панҷ барои фурӯши DVD-дискҳое, ки ба меъёри давлатӣ ҷавобгӯ набуданд, парвандаи ҷиноӣ боз намуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сармуфаттиш оид ба парвандаҳои махсусан муҳими прокуратураи вилояти Хатлон Бахтиёр Ҳайдаров хабар дод, соҳибкорон Ҷалолиддин Раҳматов ва Сайдамир Шоҳов дар бозори марказии ноҳияи Панҷ ба фурӯши дискҳои сериалҳои туркӣ, ки намоиши онҳо дар Тоҷикистон манъ карда шуд, машғул будаанд. «Ба онҳо мутобиқи моддаи 294, қисми 2-и КҶ ҶТ (Фиреби истеъмолгар) айбнома пешниҳод гардид.

Ба гуфтаи сармуфаттиш, прокуратураи вилояти Хатлон тафтишоти пешакиро оид ба ин қазия ба анҷом расонида, 28-уми май парвандаи ҷиноӣ ба суди ноҳияи Панҷ ирсол гардидааст. «Суд масъулияти ҷавобгарӣ барои фиреби истеъмолгарон нисбати сифати маҳсулотро муайян хоҳад кард», – гуфт ӯ.

Ёдрас мекунем, ки айни замон дар Тоҷикистон фурӯши сериалҳои туркии миёни аҳолӣ писандида манъ карда шуд. Ба ин рӯйхат панҷ сериал – «Ҳомиён», «Пайроҳаи тақдир», «Мисли Юсуф», «Хаёлҳои сабз» ва «Водии гургон» шомиланд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.