Мусобиқоти гӯштигирӣ дар Кӯлоб бахшида ба аксияи «Нест бод маводи нашъаовар!»

Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба аксияи «Нест бод маводи нашъаовар!» ва бо сарпарастии Маркази солимии шаҳр дар Кӯлоб мусобиқоти гӯштини тарзи озод баргузор шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мураббӣ Азиз Раҳматуллоев хабар дод, тамоми марказҳои тамринӣ бо изҳори хушнудӣ намояндагони худро ба мусобиқа фиристоданд. Ба гуфтаи ӯ, дар мусобиқоти мазкур ҳудуди 100 нафар варзишгарон ширкат […]

Турко Дикаев


Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба аксияи «Нест бод маводи нашъаовар!» ва бо сарпарастии Маркази солимии шаҳр дар Кӯлоб мусобиқоти гӯштини тарзи озод баргузор шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мураббӣ Азиз Раҳматуллоев хабар дод, тамоми марказҳои тамринӣ бо изҳори хушнудӣ намояндагони худро ба мусобиқа фиристоданд.

Ба гуфтаи ӯ, дар мусобиқоти мазкур ҳудуди 100 нафар варзишгарон ширкат варзиданд. «Қувваозмоиҳои гӯштигирон дар боғи фарҳангу истироҳат баргузор шуда, ба ҷалби бештари тамошогарону мухлисон мусоидат намуданд», – иброз дошт мураббӣ.

Номбурда ҳамчунин гуфт, баъди аз ҷониби гӯштингири кӯлобӣ Искандари Рустам дарёфт намудани роҳхат ба Олимпиадаи Лондон, шумори ҳаводорони гӯштини тарзи озод миёни ҷавонони минтақа рӯз то рӯз зиёд мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.