Соҳибкорон барои фурӯши сериалҳои туркӣ ба ҷавобгарӣ кашида шуданд

Date:


Прокуратураи вилояти Хатлон нисбат ба ду тан аз соҳибкорони ноҳияи Панҷ барои фурӯши DVD-дискҳое, ки ба меъёри давлатӣ ҷавобгӯ набуданд, парвандаи ҷиноӣ боз намуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сармуфаттиш оид ба парвандаҳои махсусан муҳими прокуратураи вилояти Хатлон Бахтиёр Ҳайдаров хабар дод, соҳибкорон Ҷалолиддин Раҳматов ва Сайдамир Шоҳов дар бозори марказии ноҳияи Панҷ ба фурӯши дискҳои сериалҳои туркӣ, ки намоиши онҳо дар Тоҷикистон манъ карда шуд, машғул будаанд. «Ба онҳо мутобиқи моддаи 294, қисми 2-и КҶ ҶТ (Фиреби истеъмолгар) айбнома пешниҳод гардид.

Ба гуфтаи сармуфаттиш, прокуратураи вилояти Хатлон тафтишоти пешакиро оид ба ин қазия ба анҷом расонида, 28-уми май парвандаи ҷиноӣ ба суди ноҳияи Панҷ ирсол гардидааст. «Суд масъулияти ҷавобгарӣ барои фиреби истеъмолгарон нисбати сифати маҳсулотро муайян хоҳад кард», – гуфт ӯ.

Ёдрас мекунем, ки айни замон дар Тоҷикистон фурӯши сериалҳои туркии миёни аҳолӣ писандида манъ карда шуд. Ба ин рӯйхат панҷ сериал – «Ҳомиён», «Пайроҳаи тақдир», «Мисли Юсуф», «Хаёлҳои сабз» ва «Водии гургон» шомиланд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...