Аз рӯйи натоиҷи ҷаласаи нуҳуми Комиссияи байниҳукуматии Эрону Тоҷикистон оид ба ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ дар шаҳри Теҳрон миёни кишварҳо дар бахшҳои мухталиф 5 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.
Хабаргузории IRNA менависад, ин созишномаҳо фарогири соҳаҳои энергетикаву тандурустӣ, иқтисод, фазои кибернетикӣ, алоқа ва нақлиёт мебошанд.
Вазири энергетикаи Эрон, ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматӣ Маҷиди Номҷӯй натиҷаҳои ҷаласаро қаноатбахш арзёбӣ намуда, изҳор доштааст, ки дар он масоили зиёде, ки ба амалисозии тарҳҳои муштарак монеа эҷод месохтанд, мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.
Рӯзи душанбеи ҳафтаи равон зимни суханронӣ дар ҷаласа М.Номҷӯй иброз дошта буд, ки Эрону Тоҷикистон ният доранд, ки ҳаҷми сармоягузориҳои муштарак дар бахшҳои гуногунро афзоиш дода, ба таҳкими бештари ҳамкориҳои дуҷониба мусоидат намоянд.
«Мардуми кишварҳоро умумиятҳои фарҳангиву динӣ муттаҳид месозад ва таъсиси комиссияи байниҳукуматӣ гувоҳи иродаи қавии кишварҳо барои таҳкими ҳамкориҳост», – гуфта буд ӯ.
Вазири энергетикаи Эрон ҳамчунин зарурати суръат бахшидан ба татбиқи лоиҳаҳои муштаракро таъкид сохта буд.
Қабл аз ин Маҷиди Номҷӯй изҳор карда буд, ки Эрон бо Тоҷикистон перомуни содироти тақрибан
1 млрд. метри муккааб об аз Тоҷикистон ба Эрон
гуфтушунид дорад.
Тибқи маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, дар зарфи 4 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Эрон 62,8 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 7,9 дарсад камтар аст.



