Ташрифи як намояндаи воломақоми Артиши Чин ба Тоҷикистон

Сардори Ситоди кулли Артиши мардумии озодихоҳи Чин генерал-полковник Чэн Бинде рӯзҳои 5-7-уми июн бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадалиев хабар дод, дар ҷараёни сафар дидору гуфтушуниди намояндаи воломақоми артиши Чин бо вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Хайруллоев, роҳбарони як қатор мақомоти қудратӣ […]

Аваз Юлдошев


Сардори Ситоди кулли Артиши мардумии озодихоҳи Чин генерал-полковник Чэн Бинде рӯзҳои 5-7-уми июн бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадалиев хабар дод, дар ҷараёни сафар дидору гуфтушуниди намояндаи воломақоми артиши Чин бо вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Хайруллоев, роҳбарони як қатор мақомоти қудратӣ ва намояндагони ҳукумати ҷумҳурӣ дар назар аст.

Ба гуфтаи ӯ, дар гуфтушунидҳо масоили марбут ба рушди ҳамкории низомӣ ва низомӣ-техникии дуҷониба, омодасозии кадрҳои афсарӣ барои Тоҷикистон дар макотиби олии низомии Чин матраҳ мешаванд.

Ҳамчунин дар ҳошияи сафар сардори Ситоди кулли Артиши Чин дар маросими гузоштани хишти аввал ба сохтмони бинои Хонаи афсарони Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ширкат меварзад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.