Чанде қабл дар шаҳри Душанбе раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Давлаталӣ Саидов ва раиси Кумитаи андози назди ҳукумати ҶТ Нусратулло Давлатов бо як гурӯҳи соҳибкорони инфиродии кишвар мулоқот оростанд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Кумитаи андоз хабар доданд, дар мулоқот пешниҳодоти соҳибкорони инфиродӣ ба Кодекси нави андоз баррасӣ шуданд.
«Дар ҷараёни вохӯрӣ аз ҷониби соҳибкорони инфиродӣ як қатор таклифу пешниҳодҳо оид ба лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав, масъалаҳои иҷтимоии соҳибкорони инфиродӣ ҳангоми гирифтани нафақа, гузариш аз низоми соддакардашудаи андозбандӣ ба низоми умумӣ ва тартиби пардохти андоз аз арзиши иловашуда, андозбандӣ дар соҳаи истеҳсоли маҳсулоти ширӣ, рақоботи носолим дар байни соҳибкороне, ки тибқи патент фаъолият мекунанд ва монеаҳои андоз аз фурӯши чакана вобаста ба ҷалби сармоягузорӣ, яктарафа қатъ кардани фаъолияти соҳибкорони инфиродие, ки патент гирифта, аммо фаъолият намекунанд ва ё маблағи патентро ба мӯҳлати зиёда аз 3 моҳ пардохт намекунанд ва дигар мушкилоти ҷойдошта баён гардиданд», – гуфт манбаъ.
Ёдрас мекунем, ки моҳи июни соли 2010 таҳти сарварии вазири молияи ҷумҳурӣ Сафаралӣ Наҷмиддинов гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи Кодекси андоз дар таҳрири нав таъсис дода шуд.
Лоиҳаи Кодекси андоз дар муҳлати муқарраршуда, яъне 1-уми апрели соли равон ба баррасии ҳукумат пешниҳод гардид, вале раиси ҳукумат, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо лоиҳа, бинобар ҷой доштани баъзе камбуду норсаоиҳо онро ҷиҳати коркарди дубора бозпас баргардонд.
Сарвари давлат ба гурӯҳи корӣ супориш дод, ки тамоми пешниҳодоти аз ҷониби мақомоти гуногун оид ба таҳияи Кодекси нави андоз воридшуда дақиқан мавриди омӯзишу таҳлил қарор гирифта, дар муддати як моҳ ба ҳукумат лоиҳаи нави бозбинишудаи Кодекси андоз пешниҳод гардад.


