Оғози корҳои ширкати нафту гази Чин дар Тоҷикистон

Date:


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои идомаи сафари давлатӣ ва иштирок дар ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай аз шаҳри Сямэн ба пойтахти Ҷумҳурии Мардумии Чин шаҳри Пекин омад.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, нимаи дуюми рӯз Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Шӯрои директорони Ширкати миллии нафту гази Чин (China National Petroleum Corporation-CNPC) Ҷян Ҷемин мулоқот намуд.

Дар мулоқот масоили ташкил ва густариши ҳамкорӣ доир ба корҳои геологӣ-иктишофии захираҳои нафту гази Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон изҳор дошт, ки «Тоҷикистон ба ҳамкории мутақобилан судманд бо Ширкати миллии нафту гази Чин ҳавасманд мебошад ва барои ин омода аст, тамоми шароити заруриро муҳайё созад».

Раиси Шӯрои директорони Ширкати миллии нафту гази Чин Ҷян Ҷемин ҳам ба ташкили ҳамкории судбахш изҳори ҳавасмандӣ намуд. Ӯ, аз ҷумла изҳор дошт: «Ширкати миллии нафту гази Чин бо 61 кишвари ҷаҳон ҳамкорӣ дорад ва Тоҷикистон 61-ум хоҳад буд».

Тавре зикр гардид, ин ширкат аз рӯйи ҳаҷми истеҳсол коркард ва содироти нафту газ дар ҷаҳон дар ҷойи аввал қарор дорад.

Дар охири мулоқот миёни Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон ва Ширкати миллии нафту гази Чин (CNPC) Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...