ВКХ: Қазияи фаронсавиҳоро намояндагии Комиссияи Аврупо баррасӣ мекунад

Date:


Имрӯз ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар бораи тафсилоти ҳодиса бо иштироки шаҳрвандони Фаронса ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ аз Вазорати корҳои дохилии кишвар мактуб расид. Яке аз иштирокдорони ин ҳодиса корманди намояндагии Комиссияи Аврупо дар ҶТ аст.

Ёдрас мекунем, ки санаи 4-уми июн ду нафар шаҳрвандони Фаронса Малика Малкии 41-сола ва ҳамсари 40-солаи ӯ Ҷалол дар ҳолати сархушӣ кормандони Вазорати корҳои дохилии ҷумҳуриро мавриди лату кӯб қарор дода буданд. Ин ҳодиса дар назди Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ба вуқӯъ пайваст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз департаменти иттилооти Вазорати корҳи хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, мактуби Вазорати корҳои дохилӣ ва маводи мансуб ба ин ҳодиса баҳри ҳаллу фасли минбаъда ба намояндагии Комиссияи Аврупо пешниҳод мешаванд.

«Яке аз иштирокчиёни ҳодиса мақоми дипломатӣ дорад ва аз ин рӯ, ин ҳолатро намояндагии Комиссияи Аврупо мустақилона баррасӣ мекунад», – гуфт манбаъ.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...