Натиҷаҳои пурсамари сафари президент ба Чин

Date:


Хадамоти матбуоти сарвари давлати Тоҷикистон аз сафари давлатии президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба Чин (1-5-уми июн) ва иштироки ӯ дар кори нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (6-7-уми июн) натиҷагирӣ кард.

Бино ба иттилои интишоршудаи хадамоти матбуоти сарвари давлат, тибқи мувофиқаҳои бадастомада дар ҷараёни ин сафар, Тоҷикистон ба сифати грант, кӯмаки техникӣ ва қарзҳои имтиёзнок  аз Чин ҳудуди 1 млрд. доллари ИМА маблағу воситаҳо дастрас мекунад.

Тибқи яке аз чунин мувофиқаҳо дар муддати кутоҳ дар ноҳияи Шаҳритус бо харҷи беш аз 600 миллион доллари амрикоӣ сармоягузории мустақим як корхонаи сементбарорӣ бо иқтидори солонаи 3 миллион тонна сементи баландсифати навъи 620 бунёд меёбад, ки дар он беш аз 5 ҳазор кас соҳиби кори доимӣ хоҳанд шуд. Навбати аввали он баъд аз як сол бо иқтидори солонаи 1 миллион тонна семент бояд ба кор дароварда шавад.

 Сохтмони Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 дар муҳлати як соли оянда ба анҷом расонда мешавад ва сармоягузории зиёд ба соҳаҳои гуногун иқтисодиёти Тоҷикистон равона мешавад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related