Ҳалокати ду пиёдагард бар асари садамаи нақлиёт

Бар асари ҳодисаҳои садамаи нақлиёт, ки чанде қабл дар қаламрави ҷумҳурӣ рух доданд, ду нафар роҳгузарон ба ҳалокат расиданд. Тавре аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра» Ҳакимҷон Насриддинови 41-сола, сокини ноҳияи Ҳисор, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди самти Душанбе-Ҳисор дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Сарикиштӣ бехатарии воситаи нақлиётро риоя […]

Аваз Юлдошев


Бар асари ҳодисаҳои садамаи нақлиёт, ки чанде қабл дар қаламрави ҷумҳурӣ рух доданд, ду нафар роҳгузарон ба ҳалокат расиданд.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра» Ҳакимҷон Насриддинови 41-сола, сокини ноҳияи Ҳисор, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди самти Душанбе-Ҳисор дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Сарикиштӣ бехатарии воситаи нақлиётро риоя накарда, пиёдагард Насриддинов Шерзоди 28-сола, сокини деҳаи Конститутсияро пахш намудааст. Дар натиҷа Насриддинов Ш.Б. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Ҳодисаи дуюми фоҷеабор дар шаҳри Конибодом рух дод. Ронандаи автомашинаи тамғаи «Деу-Сиело» Манзура Ҷӯраеваи 40-сола ҳангоми ҳаракат бо роҳи мошингарди кӯчаи Ленин, бехатарии ҳаракати роҳро риоя накарда, пиёдагард Таваккал Исмоилови 47-соларо пахш намудааст. Дар натиҷа пиёдагард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.