Иштироки директори АНМН дар кори конфронси байнулмилалӣ дар Индонезия

Рӯзҳои 12-14 июни соли равон дар шаҳри Денпасари Индонезия Конференсияи XXIX байналмилалии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба мубориза бо мухаддирот (IDEC – XXIX)  ба кори худ оғоз менамояд. Тавре аз Маркази робита бо ҷомеаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон хабар доданд, дар кори он директори Агентӣ генерал-лейтенанти милитсия Р. Назаров иштирок менамояд. Ба […]

ASIA-Plus


Рӯзҳои 12-14 июни соли равон дар шаҳри Денпасари Индонезия Конференсияи XXIX байналмилалии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба мубориза бо мухаддирот (IDEC – XXIX)  ба кори худ оғоз менамояд.

Тавре аз Маркази робита бо ҷомеаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон хабар доданд, дар кори он директори Агентӣ генерал-лейтенанти милитсия Р. Назаров иштирок менамояд.

Ба иттилои манбаъ, Р.Назаров дар назди иштирокчиёни конфронс суханронӣ намуда, дар доираи сафар бо як қатор роҳбарони сохторҳои зиддимухаддироти баъзе кишварҳо дидору гуфтушунид анҷом хоҳад дод.

Конференсияи XXIX байналмилалии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба мубориза бо мухаддирот (IDEC) соли 1983 таъсис дода шудааст. Дар он намояндагони зиёда аз 90 кишвари ҳамаи қитъаҳои олам иштирок менамоянд.

Соли 2010 дар конференсияи навбатии IDEC дар Рио-де-Жанейро (Бразилия) дар бораи таъсис додани гурӯҳи кории чорҷониба оид ба интиқоли маводи мухаддир тавассути «хатсайри Шимол» қарор қабул гардида буд. Ба ҳайти он намояндагони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ВКД ҶИА, Агентии мубориза бо мухаддироти ШМА (ДЕА) ва ХФНМН Федератсияи Россия дохил шуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон боз сари баррасии масъалаи таҳвили маҳсулоти нафту газ баргаштанд

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.