Президент волидайнро ба тарбияи шоистаи фарзандон ҳидоят намуд

Имрӯз зимни суханронӣ дар маросими мавриди истифода қарор гирифтани хобгоҳи навбунёди мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Чкалови вилояти Суғд президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз падару модарон ва аҳли ҷомеа даъват кард, ки дар баробари ҳукумат ва коллективи омӯзгорон дар тарбияи насли наврас ва ба маълумоти кофӣ соҳиб гаштани онҳо фаъолона саҳм […]

Аваз Юлдошев, Мавлуда Рафиева


Имрӯз зимни суханронӣ дар маросими мавриди истифода қарор гирифтани хобгоҳи навбунёди мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Чкалови вилояти Суғд президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз падару модарон ва аҳли ҷомеа даъват кард, ки дар баробари ҳукумат ва коллективи омӯзгорон дар тарбияи насли наврас ва ба маълумоти кофӣ соҳиб гаштани онҳо фаъолона саҳм гиранд.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, дар суханронӣ ва вохӯрӣ бо толибилмони ин литсей сарвари давлат ба сохторҳои марбутаи давлатӣ супориш дод, ки барои омӯзгорони эҳтиёҷманди ин муассисаи таълимӣ як хонаи истиқоматии бисёрошёна бунёд намуда, онро то оғози соли хониши 2013 ба истифода супоранд.

Дар ҳамин ҳол, дар ҳошияи сафари корӣ ба вилояти Суғд сарвари давлат пагоҳ аз шаҳрҳои Конибодому Исфара боздид мекунад. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, бо иштироки президент дар шаҳри Конибодм машварати фаъолони вилоят доир гардида, дар он аз фаъолияти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи вилояти Суғд дар зарфи 5 моҳи соли равон натиҷагирӣ мешавад.

Дар шаҳри Исфара Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти корхонаҳои коркарди хушкмева аз наздик ошно гардида, дар маросими ҷудо кардани қитъаҳои замин ба аҳолии ниёзманди ҷамоати Моҳпарӣ иштирок хоҳад кард.

Дар ҷараёни сафар ба вилояти Суғд рӯзи 14-уми июн президенти Тоҷикистон аз марҳилаи ниҳоии тамринҳои низомии зиддитеррористии кишварҳои узви СҲШ назорат хоҳад кард. Тамринҳои мазкур рӯзи 7-уми июн дар машқгоҳи Чоруқдаррон оғоз гардида буданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон 257 баробар афзуд

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.