Боздиди муовини раиси ҲХДТ аз намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар Русия

Муовини раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Асрор Латифов ва сардабири ҳафтавори «Минбари халқ» Бахтиёр Ҳамдамов, ки ахири ҳафтаи гузашта дар доираи маъракаи таблиғотии ҳизб миёни муҳоҷирон ба Русия сафар карда буданд, дар шаҳри Маскав аз намояндагии хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия боздид намуданд. Тавре хадамоти матбуоти намояндагии мазкур иттилоъ медиҳад, дар мулоқот бо кормандони намояндагӣ […]

ASIA-Plus


Муовини раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Асрор Латифов ва сардабири ҳафтавори «Минбари халқ» Бахтиёр Ҳамдамов, ки ахири ҳафтаи гузашта дар доираи маъракаи таблиғотии ҳизб миёни муҳоҷирон ба Русия сафар карда буданд, дар шаҳри Маскав аз намояндагии хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия боздид намуданд.

Тавре хадамоти матбуоти намояндагии мазкур иттилоъ медиҳад, дар мулоқот бо кормандони намояндагӣ А.Латифов дар бораи фаъолияти ҲХДТ ва саҳми он дар ҳаёти ҷамъиятиву сиёсии кишвар ва кор бо муҳоҷирини меҳнатии тоҷик маълумот дод.

Бино ба иттилои манбаъ, дар навбати худ роҳбари намояндагӣ Асрор Одинаев меҳмононро бо вазъи муҳоҷират дар Русия ва самтҳои асосии фаъолияти намояндагӣ ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирон ошно намуд.

Дар мулоқот ҳамчунин нақшаҳои минбаъда ҷиҳати кор бо муҳоҷирони меҳнатии тоҷик баррасӣ шуданд.

Худи ҳамон рӯз Асрор Латифов ва Асрор Одинаев ҷиҳати шиносоии наздик бо вазъи муҳоҷирони кории тоҷик ба вилояти Твер сафар карданд. Дар ин ҷо бо фаъолони ташкилоти ҷамъиятии диаспораи тоҷикон дар вилояти Твер таҳти сарварии Муқим Майбалиев вохӯрӣ доир гардид.

Ёдрас мекунем, ки

ҳадафи аслии

сафари муовини раиси ҲХДТ ба Русия шиносоии наздик бо мушкилоти муҳоҷирони корӣ ва таблиғи афкору мақсадҳои ҳизб миёни онҳост. Сафар то 16-уми июн идома меёбад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.