Боздиди президент аз минтақаи шимоли ҷумҳурӣ

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ бахшида ба 15-солагии Ваҳдати миллии Тоҷикистон, оғози сохтмони иншооти зиёди дигар, шиносоии бевосита бо натиҷаҳои рушди ҳаёти ҷомеа ва назорат аз рафти машқҳои низомии муштараки кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай «Рисолати сулҳҷӯёна» ба вилояти Суғд сафар кард. Дар фурӯдгоҳи шаҳри Хуҷанд Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарияти […]

Мавлуда Рафиева


Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ бахшида ба 15-солагии Ваҳдати миллии Тоҷикистон, оғози сохтмони иншооти зиёди дигар, шиносоии бевосита бо натиҷаҳои рушди ҳаёти ҷомеа ва назорат аз рафти машқҳои низомии муштараки кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай «Рисолати сулҳҷӯёна» ба вилояти Суғд сафар кард.

Дар фурӯдгоҳи шаҳри Хуҷанд Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарияти вилояти Суғд ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

Дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд Эмомалӣ Раҳмон дар намоишгоҳи корхонаҳои саноатии қаламрави минтақа иштирок мекунад.

Нахуст Президенти кишвар ба Муассисаи таълимии давлатии Мактаб-интернати махсуси Президентӣ дар шаҳри Чкалов ташриф оварда, бо натиҷаҳои ибратбахши фаъолияти ин мактаби навбунёд, вале пешқадам аз наздик шинос шуд.

Дар ин ҷо аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон хобгоҳи ин мактаби намунавӣ ифтитоҳ ёфт. Тавре зикр гардид, ин бо 61 утоқи зист, дарстайёркунӣ, фароғату дилхушӣ ва ғайра барои 400 нафар хонандагони роҳдурӣ пешбинӣ шудааст.

Худи ҳамин рӯз Сарвари давлат ҳамчунин якчанд корхонаи саноатӣ ва дигар иншооти истеҳсолиро, аз ҷумла дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор медиҳад. Дар ин ҷо сарвари давлат дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани се корхонаи нави саноатӣ иштирок мекунад. Инҳо корхонаҳои туркии истеҳсоли ранги «Силкоатбойя», корхонаи истеҳсоли қубурҳои пластикии гуногунҳаҷми «Стар пласт» ва корхонаи истеҳсоли тирезаву дарҳои пластикии «Равзана» мебошанд.

Пас аз мавриди истифода қарор гирифтани корхонаҳои саноатӣ, дар минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» баргузории намоишгоҳи маҳсулоти корхонаҳои саноатии минтақаи шимоли ҷумҳурӣ дар назар аст, ки дар кори он 26 корхонаи саноатии вилоят, аз ҷумла 3 субъекти минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» иштирок мекунанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.