Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ бахшида ба 15-солагии Ваҳдати миллии Тоҷикистон, оғози сохтмони иншооти зиёди дигар, шиносоии бевосита бо натиҷаҳои рушди ҳаёти ҷомеа ва назорат аз рафти машқҳои низомии муштараки кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай «Рисолати сулҳҷӯёна» ба вилояти Суғд сафар кард.
Дар фурӯдгоҳи шаҳри Хуҷанд Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарияти вилояти Суғд ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.
Дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд Эмомалӣ Раҳмон дар намоишгоҳи корхонаҳои саноатии қаламрави минтақа иштирок мекунад.
Нахуст Президенти кишвар ба Муассисаи таълимии давлатии Мактаб-интернати махсуси Президентӣ дар шаҳри Чкалов ташриф оварда, бо натиҷаҳои ибратбахши фаъолияти ин мактаби навбунёд, вале пешқадам аз наздик шинос шуд.
Дар ин ҷо аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон хобгоҳи ин мактаби намунавӣ ифтитоҳ ёфт. Тавре зикр гардид, ин бо 61 утоқи зист, дарстайёркунӣ, фароғату дилхушӣ ва ғайра барои 400 нафар хонандагони роҳдурӣ пешбинӣ шудааст.
Худи ҳамин рӯз Сарвари давлат ҳамчунин якчанд корхонаи саноатӣ ва дигар иншооти истеҳсолиро, аз ҷумла дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор медиҳад. Дар ин ҷо сарвари давлат дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани се корхонаи нави саноатӣ иштирок мекунад. Инҳо корхонаҳои туркии истеҳсоли ранги «Силкоатбойя», корхонаи истеҳсоли қубурҳои пластикии гуногунҳаҷми «Стар пласт» ва корхонаи истеҳсоли тирезаву дарҳои пластикии «Равзана» мебошанд.
Пас аз мавриди истифода қарор гирифтани корхонаҳои саноатӣ, дар минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» баргузории намоишгоҳи маҳсулоти корхонаҳои саноатии минтақаи шимоли ҷумҳурӣ дар назар аст, ки дар кори он 26 корхонаи саноатии вилоят, аз ҷумла 3 субъекти минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» иштирок мекунанд.


