Имрӯз президенти Тоҷикистон ба кори намоишгоҳи саноатӣ дар минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ҳусни оғоз бахшид.
Дар намоишгоҳ маҳсулоти 26 корхонаи саноатии вилоят, аз ҷумла 3 субъекти минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ба маърази тамошо гузошта шуд.
Бо иштироки сарвари давлат дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд се субъекти нав – корхонаи туркии истеҳсоли ранги «Силкоатбойя», корхонаи истеҳсоли қубурҳои пластикии гуногунҳаҷми «Стар пласт» ва корхонаи истеҳсоли тирезаву дарҳои пластикии «Равзана» мавриди истифода қарор гирифтанд.
Бино ба маълумоти маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ, дар семоҳаи аввал дар минтақа ба маблағи беш аз 3 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст. Ҳаҷми сармоягузории ҷалбшуда дар ин давра 1,75 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст.
Дар семоҳаи аввал ҳайати расмии маъмурияти кишвари Олтойи Русия, намояндагони созмонҳои байнулмилалӣ аз қабили Барономаи рушди СММ, САҲА, Hilfswerk Austria International ва ҳамчунин сафири Нидерланд дар Тоҷикистон аз минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» боздид карданд.



