Кӯмаки ИМА ба Тоҷикистон дар мубориза алайҳи хариду фурӯши одамон

Душанбе. 13-уми июн. «Азия-Плюс» —Бо ҳадафи расонидани кӯмак ба сӣ намояндаи хадамоти дипломатӣ ва консулгариҳо, Хадамоти муҳоҷират ва роҳбарони диаспораи тоҷикон дар хориҷа, тақвият додани қобилияти онҳо дар ошкор намудани ҳолатҳои эҳтимолии хариду фурӯши одамон, муайян кардани ҷабрдидагон ва роҳнамоии онҳо барои кӯмак ба созмонҳои ҳукумативу ҷомеаи шаҳрвандӣ имрӯз дар Душанбе семинари дурӯзаро оғоз намуд. […]

Asia-Plus

Душанбе. 13-уми июн. «Азия-Плюс» —Бо ҳадафи расонидани кӯмак ба сӣ намояндаи хадамоти дипломатӣ ва консулгариҳо, Хадамоти муҳоҷират ва роҳбарони диаспораи тоҷикон дар хориҷа, тақвият додани қобилияти онҳо дар ошкор намудани ҳолатҳои эҳтимолии хариду фурӯши одамон, муайян кардани ҷабрдидагон ва роҳнамоии онҳо барои кӯмак ба созмонҳои ҳукумативу ҷомеаи шаҳрвандӣ имрӯз дар Душанбе семинари дурӯзаро оғоз намуд.

Тавре аз сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, семинар аз ҷониби Созмони байналмилалии муҳоҷират (СБМ) дар ҳамкорӣ бо Комиссияи байниидоравии мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамони назди Ҳукумати Тоҷикистон бо маблағгузории Агентии Иёлоти Муттаҳида оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ташкил шудааст.

Тоҷикистон кишварест, ки хариду фурӯши одамон бо мақсади истифодаи меҳнати иҷборӣ ва шаҳвонӣ аз он сарчашма мегирад. Барои сафоратҳо, консулгариҳо, хадамоти муҳоҷират ва созмонҳои диаспора мубориза бурдан бар зидди хариду фурӯши шаҳрвандони тоҷик дар кишварҳои қабулкунанда қатъиян муҳим аст. Бештари вақтҳо ин гурӯҳҳо нуқтаи нахустини тамос байни кишвари аслӣ ва ҷабрдидагони хариду фурӯши одамон ҳастанд. Амри воқеист, ки кормандони расмии ин созмонҳо дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилаливу маҳаллие, ки дар самти мубориза бар зидди хариду фурӯши одамон кор мекунанд, малакаҳои зарурӣ дошта бошанд.

СБМ ва Агентии Иёлоти Муттаҳида оид ба рушди байналмилалӣ USAID барои таъмин намудани кӯмаки муҳофизат ба ҷабрдидагони хариду фурӯши одамон дар Тоҷикистон бо Ҳукумати Тоҷикистон ва созмонҳои маҳаллии ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамкорӣ карда истодаанд. Дар доираи ин кӯшишҳо лоиҳа дар сартосари кишвар телефонҳои бовариро дастгирӣ менамояд. Хадамоти телефонии бовариро дар Душанбе тавассути рақами 918-85-3434 дастрас метавон кард.

Лоиҳаи мубориза бар зидди хариду фурӯши одамон яке аз лоиҳаҳои сершумори кӯмак аст, ки аз ҷониби мардуми Амрико тавассути Агентии Иёлоти Муттаҳида оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) пуштибонӣ мегардад. Аз соли 1992 Сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Душанбе ба барномаҳое, ки муассисаҳои демократӣ, тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисодии Тоҷикистонро пуштибонӣ мекунанд, беш аз 984 миллион доллари амрикоӣ маблағгузорӣ намудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.