Вазирони мудофиаи кишварҳои узви СҲШ дар марҳилаи ниҳоии тамринҳои «Рисолати сулҳҷӯёна-2012»

Душанбе. 13-уми июн. «Азия-Плюс» – Вазирони мудофиаи Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Чин ва Қирғизистон аз марҳилаи ниҳоии тамринҳои низомии зиддитеррористии ҳайати фармондеҳиву ситоди Вазоратҳои мудофиаи кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай таҳти унвони «Рисолати сулҳовар-2012», ки дар машқгоҳи Чоруқдаррони вилояти Суғд рӯзи 14-уми июн баргузор мешавад, назорат хоҳанд кард. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ […]

Аваз Юлдошев

Душанбе. 13-уми июн. «Азия-Плюс» – Вазирони мудофиаи Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Чин ва Қирғизистон аз марҳилаи ниҳоии тамринҳои низомии зиддитеррористии ҳайати фармондеҳиву ситоди Вазоратҳои мудофиаи кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай таҳти унвони «Рисолати сулҳовар-2012», ки дар машқгоҳи Чоруқдаррони вилояти Суғд рӯзи 14-уми июн баргузор мешавад, назорат хоҳанд кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, шоми дирӯз вазири мудофиаи Чин ба шаҳри Хуҷанд омада, аз ташрифи вазирони мудофиаи Қазоқистону Қирғизистон ва Русия имрӯз интизорӣ меравад.

«Намояндагони Вазорати мудофиаи Ӯзбекистон низ хоҳиши иштирок дар марҳилаи ниҳоии тамринҳоро доранд», – гуфт манбаъ. Дар ҳамин ҳол, иттилоъ дода нашуд, ки ҳайати Ӯзбекистон дар кадом сатҳ намояндагӣ хоҳад кард.

Тавре интизорӣ меравад,дар марҳиллаи ниҳоии ин тамринҳои низомӣ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ ҳузур хоҳад дошт. Айни замон сарвари давлат бо сафари корӣ дар вилояти Суғд қарор дорад.

Ёдрас мекунем, ки тамринҳои низомии мазкур санаи 7-уми июн оғоз гардида, дар он беш аз 2 ҳазор сарбозону афсарони ҷузъу томҳои низомии Тоҷикистону Қазоқистон, Чину Қирғизистон ва Русия ширкат меварзанд.

Ба тамринҳои низомии ҷузъу томҳои кишварҳои узви СҲШ таҳти унвони «Рисолати сулҳовар-2012»  фармондеҳи нерӯҳои низомии хушкигарди Вазорати мудофиаи Тоҷикистон генерал-майор Эмомалӣ Собиров фармондеҳӣ мекунад. Дар тамринҳо амалиёти муштараки нерӯҳои ҳавоӣ, артиллерия ва бронетехника санҷида мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон узви Созмони ҳамкории Шанхай мебошанд. Давлатҳои Муғулистон, Ҳиндустон, Эрон ва Покистон дар СҲШ мақоми нозирро доро мебошанд. Мақоми шарик оид ба муколамаи СҲШ ба Белорус ва Шри-Ланка дода шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.