Имсол қарзи Вазорати мелиоратсия аз энергетикҳои Кӯлоб 2,7 млн. сомонӣ афзуд

Аз 1-уми декабри соли 2011 то 1-уми июни соли равон қарзи корхонаву ташкилотҳои Вазорати мелиоратсия ва захираҳои обии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ба андозаи 2,7 млн. сомонӣ афзуда, бо бақияи солҳои пешин дар маҷмӯъ 14,7 млн. сомониро ташкил дод. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати вилояти Хатлон хабар дод, ҳанӯз моҳи […]

Турко Дикаев


Аз 1-уми декабри соли 2011 то 1-уми июни соли равон қарзи корхонаву ташкилотҳои Вазорати мелиоратсия ва захираҳои обии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ба андозаи 2,7 млн. сомонӣ афзуда, бо бақияи солҳои пешин дар маҷмӯъ 14,7 млн. сомониро ташкил дод.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати вилояти Хатлон хабар дод, ҳанӯз моҳи августи соли гузашта бо супориши раиси вилоят Ғайбулло Афзалов реҷаи пардохти қарзи истифодаи барқ аз ҷониби ин корхонаву ташкилотҳо тартиб дода шуда буд, вале он ҳам мушкилотро ҳал карда натавонист.

Ба қавли директори корхонаи шабакаҳои барқи минтақаи Кӯлоб Мирзо Исмоилов, корхонаву ташкилотҳои тобеъи Вазорати мелиоратсия натанҳо аз пардохти қарзи ҷорӣ саркашӣ мекунанд, балки қарори Суди иқтисодии вилоят дар бораи фавран пардохт намудани 5 млн. маблағи қарздориро нодида мегиранд.

М.Исмоилов мегӯяд, моҳи май беҳбуди ҷараёни пардохти қарзи маблағи истифодаи барқ аз ҷониби аҳолӣ ба мушоҳида расидааст. «Моҳи май ба аҳолӣ ба маблағи 1 млн. 227 ҳазор сомонӣ барқ интиқол дода шуда, маблағи пардохт 1 млн. 367 ҳазор сомониро ташкил дод, яъне дар ин моҳ аҳолӣ 140 ҳазор сомонӣ қарзҳои пешини худро ҳисоббаробарӣ намуд», – афзуд номбурда.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.