Нигаронии Кумитаи заминсозии Хатлон аз худсарона азхудкунии заминҳо

Date:


Кумитаи заминсозии вилояти Хатлон аз мушкилоти худсарона азхудкунии қитъаи заминҳо дар қаламрави вилоят изҳори нигаронӣ мекунад.

Ба гуфтаи муовини сардори Кумитаи заминсозии вилоят Мирзохон Менглиқулов, соли равон нозирони кумита 332 ҳодисаи худсарона азхудкунии қитъаи замин дар майдони 30 гектарро ошкор сохта, барои бартараф кардани он ба қонуншиканон 270 таъинот содир намуда, ба маблағи 67,7 ҳазор сомонӣ протоколи қонуншиканӣ тартиб додаанд, ки аз он 45,1 ҳазор сомониаш аллакай ба буҷет ворид шудаанд.

«Нисбат ба 58 нафар қонуншиканон, ки аз баргардонидани қитъаи замини худсарона азхудшуда саркашӣ карданд, мавод таҳия гардида, ҷиҳати баррасии минбаъда ба мақомоти пркуратура фиристода шуд. Ҳамчунин 125 протокол дар бораи қонуншиканӣ ва ҷаримабандӣ  ба маблағи умумии 51 ҳазору 650 сомонӣ низ ба прокуратура ирсол гардида, аз он мақомоти судӣ 14,1 ҳазор сомонӣ ҷарима ситониданд ва маводи боқимонда мавриди баррасӣ қарор дорад», – гуфт ӯ.

Номбурда мегӯяд, соли равон воҳидҳои кумита 96 қарорҳои ғайриқонунии раисону шаҳру навоҳии вилоят дар бораи ҷудо кардани қитъаи замин дар майдони 58 гектарро ошкор сохтаанд. Аз ин қарорҳо 25-тоаш аз ҷониби худи кумита бекор шуда, боқимонда ҷиҳати баррасӣ ва бекор кардан ба прокуратура ирсол шудааст.

Қобили зикр аст, ки соли равон аз ҷониби Кумитаи заминсозии вилояти Хатлон 2 ҳазору 110 ҳолати қонуншикании Кодекси замини ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар 1 ҳазору 813 ҳолат барои бартараф кардани камбудиҳои таъинот содир гардида, дар бораи қонуншиканӣ ба маблағи умумии 264 ҳазору 680 сомонӣ 850 протоколи маъмурӣ тартиб дода шудааст, ки 176 ҳазору 946 сомонӣ аз он аллакай ба буҷети давлатӣ ворид шудаанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...