Оғози корҳои таъмиру таҷдиди роҳҳо дар Конибодом

Date:


Тайи чанд рӯзи ахир дар шаҳри Конибодом техникаи муосири таъмири роҳҳо ба корҳои таъмиру таҷдиди роҳи автомобилгарди кӯчаи марказии шаҳр, ки қариб 4 км масофа дорад, оғоз кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ҳукумати шаҳри Конибодом хабар доданд, чанде қабл зимни боздиди сарвари давлат аз вилояти Суғд ба таъмиру таҷдиди роҳҳои автомобилгарди дохилӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, ба оғози корҳои таъмиру асфалтпӯшии 11 роҳи автомобилгарди дохилӣ дастур дода шуд.

Бо супориши сарвари давлат, бо ин мақсад аз воситаҳои буҷети ҷумҳуриявӣ 3 млн. сомонӣ ҷудо гардида, ҳукумати вилояти Суғд барои таъмиру таҷдиди роҳи ду кӯчаи марказӣ ва боз 1,5 км роҳ маблағ ҷудо мекунад. ҶДММ «Сомонроҳсоз» низ таъмиру таҷдиди 1,5 км роҳҳои дохилиро ба уҳда гирифт.

Ба гуфтаи сармеъмори шаҳри Конибодом Зоҳир Зулфиқоров, дар муҳлати кӯтоҳ 10 километр роҳҳо асфалтпӯш карда мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, ба қавли сардори муассисаи давлатии назорати роҳҳои автомобилгарди шахри Конибодом Карим Самиев, соли равон бо маблағҳои буҷети шаҳру вилоят дар шаҳри Конибодом 1,5 км роҳ ва дар деҳот 1 км роҳи автомобилгард аз таъмир бароварда шудааст. «Ғайр аз ин, аз ҳисоби соҳибкорон дар ҷамоати ба номи Ортиқов боз 1 км роҳ таъмиру таҷдид шуд», – иброз дошт ӯ.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...