Суғд: Оғози мурофиаи судии гумонбар ба узвият дар «Ҳизб-ут-Таҳрир»

Date:


Дар вилояти Суғд мурофиаи судӣ оид ба баррасии парвандаи ҷиноии гумонбар ба узвият дар созмони фаъолияташ мамнӯи «Ҳизб-ут-Таҳрир» оғоз мегардад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини раиси суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Одилбой Усмонов хабар дод, пагоҳ, 19-уми июн, дар бинои суди ноҳия баррасии парвандаи ҷиноии сокини 45-солаи маҳаллӣ Бурҳонхӯҷа Абдуқодиров шурӯъ мешавад.

Ба гуфтаи судя, судшаванда дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаҳои 187, қ. 2 (Ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ), 189, қ. 2 (Барангехтани   кинаю  адовати  миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ), 307, қ. 2 (Даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии  Тоҷикистон),307, илов. (прим.)1, қ. 2 (Даъвати оммавӣ дар ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ), 307, илов. 2, қ. 2 (Ташкили иттиҳоди экстремистӣ (ифротгароӣ) ва 307, илов. 3, қ. 2 (Ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ)-и Кодекси ҷиноии ҶТ айбдор карда мешавад.

Усмонов зикр кард, ки Б.Абдуқодиров 28-уми марти соли равон аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии вилояти Суғд боздошт шуд. Ҳангоми азназаргузаронии нуқтаи фурӯши мутааллиқ ба ӯ як миқдор адабиёт ва варақаҳои дорои хусусияти ифротгароӣ дарёфт ва мусодира шуданд.

Ҳамчунин дар ҷараёни тафтишот ошкор гардидааст, ки судшаванда соли 2009 ба сафи созмони фаъолияташ дар қаламрави Тоҷикистон манъшудаи «Ҳизб-ут-Таҳрир» шомил гардида, ба паҳн кардани варақаҳо ва таблиғоти афкори ин созмон миёни ҷомеа машғул будааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...