Дар Тоҷикистон қонун «Дар бораи ломбардҳо»-ро қабул карданианд

Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров қонуни аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда «Дар бораи ломбардҳо (гаравхона)» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ҷаласаи Шӯрои парлумон ҳамчунин масъалаҳои ворид намудани тағйиироту илова ба […]

Аваз Юлдошев


Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров қонуни аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда «Дар бораи ломбардҳо (гаравхона)» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ҷаласаи Шӯрои парлумон ҳамчунин масъалаҳои ворид намудани тағйиироту илова ба қонунҳои ҶТ «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи милитсия», «Дар бораи судҳои ҶТ», «Дар бораи мақомоти прокуратура», «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва дар маҷмӯъ 26 масъала мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

«Бо қарори Шӯро ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати чорум рӯзи 20-уми июн дар шаҳри Душанбе доир мегардад», – гуфт манбаъ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.