Суғд: Оғози мурофиаи судии гумонбар ба узвият дар «Ҳизб-ут-Таҳрир»

Дар вилояти Суғд мурофиаи судӣ оид ба баррасии парвандаи ҷиноии гумонбар ба узвият дар созмони фаъолияташ мамнӯи «Ҳизб-ут-Таҳрир» оғоз мегардад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини раиси суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Одилбой Усмонов хабар дод, пагоҳ, 19-уми июн, дар бинои суди ноҳия баррасии парвандаи ҷиноии сокини 45-солаи маҳаллӣ Бурҳонхӯҷа Абдуқодиров шурӯъ мешавад. Ба гуфтаи судя, судшаванда […]

Мавлуда Рафиева


Дар вилояти Суғд мурофиаи судӣ оид ба баррасии парвандаи ҷиноии гумонбар ба узвият дар созмони фаъолияташ мамнӯи «Ҳизб-ут-Таҳрир» оғоз мегардад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини раиси суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Одилбой Усмонов хабар дод, пагоҳ, 19-уми июн, дар бинои суди ноҳия баррасии парвандаи ҷиноии сокини 45-солаи маҳаллӣ Бурҳонхӯҷа Абдуқодиров шурӯъ мешавад.

Ба гуфтаи судя, судшаванда дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаҳои 187, қ. 2 (Ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ), 189, қ. 2 (Барангехтани   кинаю  адовати  миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ), 307, қ. 2 (Даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии  Тоҷикистон),307, илов. (прим.)1, қ. 2 (Даъвати оммавӣ дар ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ), 307, илов. 2, қ. 2 (Ташкили иттиҳоди экстремистӣ (ифротгароӣ) ва 307, илов. 3, қ. 2 (Ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ)-и Кодекси ҷиноии ҶТ айбдор карда мешавад.

Усмонов зикр кард, ки Б.Абдуқодиров 28-уми марти соли равон аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии вилояти Суғд боздошт шуд. Ҳангоми азназаргузаронии нуқтаи фурӯши мутааллиқ ба ӯ як миқдор адабиёт ва варақаҳои дорои хусусияти ифротгароӣ дарёфт ва мусодира шуданд.

Ҳамчунин дар ҷараёни тафтишот ошкор гардидааст, ки судшаванда соли 2009 ба сафи созмони фаъолияташ дар қаламрави Тоҷикистон манъшудаи «Ҳизб-ут-Таҳрир» шомил гардида, ба паҳн кардани варақаҳо ва таблиғоти афкори ин созмон миёни ҷомеа машғул будааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.